Тағироти кадрӣ дар ҳукумати Хатлон

Баҳром Миров, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба вазифаи дигар гузаронида шуд. Ба ҷойи ӯ, Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ мудири шуъбаи мавриди назар таъин гардид.

 Дар мувофиқа бо Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Баҳром Миров роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён таъин гардид. Ӯ аз соли 2021 то имрӯз мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон кор мекард.

Ҳамчунин, бо қарори дигари раиси вилояти Хатлон Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон таъин шудааст. Вай то таъин шудан ба вазифаи мудири шуъбаи мавриди назар, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва хабарнигори рӯзномаи вилоятии Хатлон дар минтақаи Кӯлобн буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *