Хатлон. Ҷаримаи 423 нафар барои пешниҳоди маълумоти нодуруст
Дар Хатлон барои таъхир дар пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва маълумоти нодуруст 423 шахси мутассадӣ ҷарима шуданд. Аз ин миён 160 роҳбари корхона ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
Қурбон Ҳакимзода, сардори Агентии омор дар вилояти Хатлон имрӯз, 28 январ дар нишасти хабарӣ афзуд, ки ҷаримаи шахсони масъул дар соли 2024 зиёд шудааст.
Ӯ мегӯяд, дар соли 2023-ую 343 шахси масъул барои таъхир дар додани ҳисобот ва пешниҳоди ҳисоботи нодуруст ҷарима шуда буданд. Дар муқоисма ба соли 2024-ум 80 нафар кам мебошанд. Ба таъкиди вай, аз миёни шахсони ҷаримашуда 24 роҳбари корхона ва 136 роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
“Мақсади мо ҷарима кардани тамоми ташкилоту идораҳо нест. Мо гуруҳи корӣ дорем, ки миёни кормандони муассисаҳо семинару корҳои омӯзишӣ мегузаронанд, то ҳисоботҳо дуруст ва бе хато пешниҳод карда шаванд”,-гуфт номбурда.
Қурбон Ҳакимзода мегӯяд, ҷаримаи шахсони масъул ва мутассадӣ дар соли 2024 наздики 195 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ