Хатлон: 14 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот

Дар нуҳ моҳи соли 2024 дар вилояти Хатлон 14 ҳолати ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот рух додааст. Мутаассифона, дар ҳодисаҳои мавриди назар фавт низ ҳаст.

Ҳамза Бобозода, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ дод, ки аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот 11 кас ҷароҳат бардоштанд.

Ӯ афзуд, ки мутаассифона, 5 нафари дигар аз беэҳтиётӣ фавтиданд.

Ба таъкиди вай дар натиҷаи хулосаи мутахассисони хадамот беш аз 296 ҳазор сомонӣ ҷуброни яквақта ва кумакпулӣ таъин карда шуд.

«Мо мутахассисони Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо масъулини ташкилоту муассисаҳои дахлдор доимо миёни корфармоён ва кормандон суҳбату вохурӣ мегузаронем, то ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ карда шаванд. Натиҷаи ҳамин мулоқотҳо аст, ки чунин ҳодисаҳо сол то сол кам мешаванд»,-гуфт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *