Хатлон: 411 санад вобаста ба қонунвайронкунӣ дар соҳаи ҷангал

Дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ 411 санад вобаста ба қонунвайронкунӣ дар соҳаи ҷангал тартиб дода шудааст. Зарари расида ба ҷангал бошад, беш аз 218 ҳазору 930 сомонӣ гуфта мешавад.

Мираҳмад Давлатов, муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон гуфт, ки нисбати иддае аз сокинон барои ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои шифобахшу маҳсулоти ҷангал, шикори худсарона, чаронидани чорво ва дигар қонунвайронкуниҳо санад тартиб дода шудааст. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар давоми сол нисбати 104 сокин протоколи ҳуқуқвайроникунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

“Маблағи протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ наздики 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи ҷарима пурра рӯёнида шуда, ба суратҳисоби муассиса ворид карда шудааст”,- афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки дар минтақаи Бохтар дар панҷ ноҳия ва дар минтақаи Кӯлоб дар 9 ноҳияи вилояти Хатлон заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал мавҷуд аст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *