Блогери маъруф боқимондаҳои моҳии 300 миллион сол пеш зистаро ёфт (видео)

Блогери маъруфи рус Даня Крастер ҳамроҳ бо блогер Андрей Зайкин боқимондаҳои моҳии пеш аз таърихи ботриолеписро ёфтаанд, ки тақрибан 300 миллион сол пеш зиндагӣ мекардааст.

Видеое, ки дар он онҳо ҷустуҷӯи санги нодирро нишон медиҳанд, дар YouTube-канали Крастер дастрас аст.

Блогерҳо якҷоя бо палеонтологҳо дар наздикии дарёи Сяси вилояти Ленинград кофтуков мегузаронанд. Ба гуфтаи Крастер, онҳо ба зудӣ тавонистаанд ба боқимондаҳои сангшудаи ботриолепис — моҳии пӯсти пластикидор, ки беш аз 300 миллион сол пеш зиндагӣ мекардаанд, дастрасӣ пайдо намоянд.

«Бачаҳо гуфтанд, ки солҳои зиёд орзуи пайдо кардани сари пурраи ботриолеписро доштанд ва барои мо, ҳаваскорон, як рӯз басанда буд»,- омадааст дар видео.

Қаҳрамонҳои ин навор дар соҳили дарё оташ афрӯхта, шӯрбои моҳигӣ пухтаанд, ки блогер ба он гӯё моҳии сангшудаи қадимиро илова кардааст. «Шӯрбои моҳӣ аҷоиб шуд, ин моҳӣ болаззат аст»,- шӯхӣ мекунад Крастер.

Ӯ инчунин тасдиқ мекунад, ки дар асл тамоми боқимондаҳои моҳӣ ба ихтиёри олимон супурда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *