Хатлон: 450 зан дар мақоми хизмати давлатӣ
Аз ҳисоби занон 843 нафар вакил, аз ҷумла як вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 181 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва 616 нафар вакили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.
Дар вилояти Хатлон як миллиону 587 ҳазору 100 нафар занону духтарон умр ба сар мебаранд. Тибқи маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, занон 49,6 фоизи шумраи умумии аҳолии вилоят (3199700 нафар)-ро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 36 ҳазору 300 нафар зиёд мебошад. Шумораи занони қобили меҳнат 922 ҳазору 100 нафар ҳисоб шудааст. Аз шумораи 196 ҳазору 858 нафар занҳои коргар 6 ҳазору 586 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар моҳи январи соли 2019 нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 70 нафар зиёд шудааст. Аз ҳисоби занон 843 нафар вакил, аз ҷумла як вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 181 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва 616 нафар вакили ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Дар вазифаҳои хизмати давлатӣ 450 нафар бонувон кор мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ