Бохтар-навсозии боғи марказӣ

Тибқи иттилои шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои навсозии боғ як миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Шаҳрдории Бохтар ба таъмиру бозсозии боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаев оғоз бахшид.

Тибқи иттилои шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои навсозии боғ як миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар дохили боғ инчунин ба маблағи се миллион сомонӣ харидорӣ ва насби қариб 20 атраксиони замонавӣ пешбинӣ шудааст. Баъди навсозӣ гардидани боғ, баробари фароҳам шудани шароит барои истироҳату фароғат, наздик ба 70 нафар сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин мегарданд.

Хотиррасон менамоем, ки тайи чанд муддат бо сабабҳои гуногун корҳои таъмиру бозсозӣ дар боғи марказии шаҳри Бохтар ба номи Раҳмон Мурчаев, ба таъхир монда буд ва баробари дидани манзараҳои корҳои нотамом табъи кас хира мегардид. Ҳамакнун иқдоми хуб аст, ки дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини мақомоти иҷроияи шаҳр баҳри бунёди боғи мазкур иқдом гирифтаанд.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *