Хатлон: Бақияи қарзи андоз беш аз 181 миллион сомонӣ аст
Феълан дар вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз ба беш аз 181 миллион сомонӣ расидааст. Ин нишондод дар аввали соли ҷорӣ наздики 183 миилион сомонӣ будааст.
Сангин Саидзода — мудири шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки “дар аввали соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бақияи қарзи андоз 189 миллиону 917 ҳазор сомонӣ буд. Вале бо тадбирандешӣ ва ҷоннок кардани фаъолият мо тавонистем то охири сол зиёда аз 7 миллиону 127 ҳазор сомонии бақияи қарзро кам кунем”.
Ба таъкиди ӯ, бақияи қарзи андоз бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Кӯшониён, Вахш ва Абдураҳмони Ҷомӣ ҷой доштааст.
Мувофиқи маълумоти Раёсати андоз дар вилояти Хатлон, иҷроиши нақшаи ҷамъоварии андоз дар умум дар вилоят бештар аз 100 дарсадро ташкил мекунад. Вале шаҳри Норак дар думоҳи ааввали соли равон нақшаи ҷамъоварии андозро ҳамагӣ 59 дарсад иҷро кардаасту халос. Аз ҳисоби пурра иҷро нашудани нақшаи андоз наздики 8 миллион сомонӣ ба буҷет ворид нашудааст.
Масъалаи иҷроиши пурраи нақшаи андоз ва пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони идораҳои буҷетӣ дар шаҳри Норак соли 2021 низ аз мушкилоти меҳварии шаҳри болозикр маҳсуб мешуд. Дар соли сипаришуда таъхир дар пардохти музди меҳнати кормандони идораҳои буҷетӣ дида мешуд, ки сабаби асосӣ — ин пурра иҷро нашудани нақшаи андоз буд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ