Исфара: «Моро мекушанд! Чӣ кор кунем?»,- мегӯянд мардуми оддии наздимарзӣ

Субҳи 10-уми март дар натиҷаи тирпарронӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон дар марзи ду кишвар як сарҳадбони тоҷик аз тири дайдуи қирғиз ҳалок шудааст. Мардуми ин буму марз аз захмӣ шудани ду марзбони дигар ва чанд деҳқон ҳарф мезананд.

Сарҳадбонони Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон, ба минтақаи «Ваҳдат»-и ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара, гузашта, аз марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки ин марзро тарк кунанд. Сарҳадбонони қирғиз аввалин шуда оташ кушодаанд ва сарҳадбонони мо маҷбур шудаанд ҷавоб диҳанд.

«Дар ин даргирӣ як марзбони тоҷик кушта, ду сарбоз ва чанд сокини осоишта низ маҷруҳ шуданд»,- мегӯянд сокинони маҳаллӣ.

Маҷруҳ шудани марзбонон ва ашхоси осоиштаро дар бемористони Исфара тасдиқ карданд.

Айни ҳол, хабаргузории қирғизии “24.kg” аз қавли Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон менависад, ки тирпарронӣ тақрибан 10 дақиқа давом карда, дар натиҷаи задухӯрд аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надидааст.

Марги як ҳамватан метавонад боиси як ҷанги калоне гардад, ки дар тасаввури мо намеғунҷад. Ин ҳама бад диданҳо ба хотири чист? Ба хотири он ки замоне тоҷик аз рӯи меҳру ихлос ба бародари қирғизи худ ҷой дод, хона сохт, манзил бунёд кард ва имрӯз аз ин некии кардааш ҳазорон бор пушаймон гаштааст. Чаро? Чун замони Шӯравӣ барҳам хӯрдаву мардумро пароканда сохт, чунин ҷангҷолу хархашаву кушторҳои бераҳмонае ба миён омаданд, ки ҳадде надоранд. Ва икифо варзидем ба ҳарчӣ буду гузашт. Аммо боз…

Аз хисороти ҷанги кӯтоҳмуддат ва изҳороти мақомоти қудратии ҳамсоякишвар бармеояд, ки Тоҷикистон ин қадар сол тоқат кард, боз ҳам тоқат мекунад, эҳтимоли зиёд, дар гуфтугуҳои пасипардагӣ дар масъалаи марз гузаштҳои ҷиддитар кардааст.

Ва аммо нигарониҳо сари он меравад, ки то кай ин гуна кушторҳои баҳудаю беҳудаи тарафайн идома хоҳанд кард? Мабод он рӯз, ки ин гуна даргириҳо авҷ гиранду боиси афзоиши ҷанги байни миллатҳо гарданд. Дар он сурат пеши роҳи ин мусибати торихиро кӣ гирифта метавонад?

Моро зарур аст, ки сари мизи гуфтушуниди тарафайн нишаста, масъаларо ба тарзи қотеъона ҳаллу фасл намоем, то дигарбора ин масъалаи мубрам ба вуқуъ напайвандад.  

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.