шиноснома

Хатлон: Беш аз 1450 саг шиноснома карда шудааст

Дар соли 2022 аз ҷониби Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон беш аз 1 ҳазору 450 саг шиноснома карда шудааст.

Эраҷ Рауфзода — садори Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон имрӯз, 2-юми феврал дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки дар соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 ҳазору 458 саг шиноснома карда шудааст. Ӯ афзуд, ки шиносномакунии сагҳо назар ба соли 2021-ум 63 ҳолат зиёд аст.

“Зиёдшавии шиносномакунии сагҳо бо сабаби бештар шудани муроҷиати сокинон аст. Нархи як шиноснома барои як саг шаш сомонӣ арзиш дорад. Баъди шиносномакунӣ саг дар як сол як маротиба бар зиди бемории ҳорӣ эмгузаронӣ мешавад. Дар ин сурат саг барои сокинон безарар аст»,- афзуд вай.

Гуфта шуд, ки сагҳо ду намуд шиноснома мегиранд — дохилӣ ва хориҷӣ. Вале дар соли 2023 алҳол ягон нафар барои шиносномакунии саг муроҷиат накардааст.

Ҳамчунин, дар соли сипаришудаи 2022-юм 2 ҳазору 210 саги бесоҳибу дайду безарар карда шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *