Раҳим Саидзода

Вазорати маориф: Пули давраи таътил пардохт нашавад!

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки волидайн маблағи таҳсили иловагӣ ва боғчаҳоро барои таътили тамдидшудаи зимистонӣ пардохт накунанд.

«Муносибати байни муассиса ва волидайнро шартнома муайян мекунад. Дар шартнома зикр шудааст, ки маблағ барои корҳои амалишуда пардохт мешавад. Бинобар ин, барои рӯзҳое, ки таътил буд, маблағ пардохт карда намешавад»,- гуфт масъули вазорат бо супориши вазир.

Вазири маориф ва илми кишвар ҳамчунин зикр кард, ки дарсҳои лағвшуда бо сабаби таътили зимистонӣ аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва чоряки чорум бартараф мешаванд.

Қаблан вазорат иттилоъ дода буд, ки таътили зимистона барои хонандагони макотиб ва муассисаҳои томактабӣ то 20-уми январ тамдид шуда буд. Вазорати маориф ва илми кишвар ин тасмимро ба сард омадани ҳаво рабт дод.

«Бо дарназардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илм таътили зимистона то 20-уми январи соли 2023 тамдид карда шуд»,- омадааст дар хабарномаи вазорат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *