Хатлон: Беш аз 900 га замин кишт намешавад

Зиёда аз 915 гектар замин дар вилояти Хатлон аз харобии иншооти обрасонии дохили хоҷагӣ, набудани ҷуйи об (латок), эрозия ва харобиҳои сел кишт намешавад. Мутаассифона, 30 дарсади замин бо сабаби эрозия кишт намешавад.

Собирзода Мирзоалӣ, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон имрӯз, 13-уми июли соли 2022 дар нишасти хабарӣ гуфт, ки чунин заминҳо асосан дар ноҳияҳои Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон зиёд аст. Ӯ мегӯяд, ки соли гузашта 1 ҳазору 51 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.

“Бо вуҷуди ин дар вилояти Хатлон 8 ҳазору 388 гектар замин ғайри қаноатбахш буд. Ин заминҳо кишт мешаванд. Вале ҳосилнокияшон кам аст. Мо соли равон аз майдони умумии заминҳои ғайриқаноатбахш ҳолати 2 ҳазору 366 гектарро беҳ кардем”,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *