Хатлон: Боз ҷавонзане худкушӣ кард

Бино ба гузориши «Пайк» дар пайи муноқишаи оилавӣ Миҷгона Валиеваи 25-сола сокини ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор ду рӯз қабл дар бемористони марказӣ ҷони худро аз даст додааст.

Раҷабалӣ Қурбонов, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Фархор дар тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки ин ҳодиса рӯзи 1-уми август рӯх дода, Миҷгона як ҳафта беморӣ бистарӣ буд. Ҷаноби Қурбонов гуфтааст, ки баъди тасхиш муайян шуд, ки духтар як пиёла сирко (уксус) нушидааст.

-Рӯзи якуми август оварданд Миҷгонаро дар ҳолати вазнин буд, мо тамоми кӯшишамонро анҷом додем, аммо баъди шаш рӯз ин дунёро падруд гуфт. Мақомот ҳамон замон омада, тафтишро оғоз намуда буданд. Духтар ду кӯдак доштааст,—илова кард Раҷабалӣ Қурбонов.

Аз ҳукумати ноҳияи Фкархор дар сӯҳбат ба «Пайк» хабари даргузашти Миҷгона Валиеваро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми «ба худкӯшӣ оварда расонидан» боз шуда, додситонии ноҳия ин қазияро тафтиш карда истодаанд.

Аз додситонии ноҳияи Фархор низ ин хабарро тасдиқ карда, гуфтаанд нисбати ин ҳодиса парванда боз шуда, барои халал нарасонидан ба рафти тафтишот ҷузиёти ин қазияро шаҳр дода наметавонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *