Вокуниши сафорати Эрон ба ТВ Тоҷикистон

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар нахустин вокуниш ба гузориши махсус дар бораи даст доштани Эрон дар қатли 20 афсари рус ва шахсиятҳои маъруф дар солҳои 90 гуфт, ки манбаи он бояд муайян карда шавад.

Хонум Назифӣ, як масъули бахши равобит бо ҷомеаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст,ки  гузориши вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро, ки дар он Эронро ба маблағгузории кушторҳои пурсарусадои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 дар ин кишвар айбдор мекунанд, ба баррасӣ гирифтааст.

Хонум Назифӣ дар ин робита гуфт: «Сафири Эрон дар Тоҷикистон феълан дар ҳудудикишвар қарор надорад, аммо раҳбарияти сафоратхона дар зудтарин фурсат ин қазияробаррасӣ мекунад. Мо бояд мушаххас кунем, ки ин дурӯғҳову тавҳин аз куҷо пайдо шуд васарчашмааш аз куҷо маншаъ мегирад.»

Шоми 8 август дар шабакаҳои давлатии телевизионии Тоҷикистон як гузориши муфассали 45-дақиқагӣ нашр шуд, ки дар он Эрон ба маблағгузории кушторҳои пурсарусадо дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 90 айбдор мешуд.

Дар ин гузориш гуфта мешуд, ки се нафареро дастгир кардаанд, ки дар солҳои 90 дар Эрон таълими диверсионӣ гирифта, баъди бозгашт дар Тоҷикистон ба амалҳои тахрибкорӣ ва куштори афсарони рус ва шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ ва сиёсӣ даст задаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *