Хатлон: Худкушии 36 ноболиғ ва содиркунии 225 ҷиноят
Соли 2022 дар вилояти Хатлон 36 хонандаи муассисаҳои таълимӣ даст ба худкушӣ задаанд. Ин омор дар соли 2021-ум 38 ҳолат будааст.
Ғазалшоҳ Сафарзода — сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз 36 ҳолати худкушии ноболиғон 18 нафар писар ва дар 18 ҳолати дигар духтарон даст ба худкушӣ задаанд. Ӯ сабабҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғонро бемории руҳӣ ва муноқишаи оилавӣ мегӯяд.
“Аз ҳама бештар дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон худкушии ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ панҷ нафар, Дӯстӣ ду нафар, Данғара ду кас, Вахш ду нафар ва Қубодиён ду ҳолат мебошад”,- афзуд ӯ.
Ғазалшоҳ Сафарзорда гуфт, ки дар соли 2022 аз ҷониби ноболиғон 225 ҷиноят содир шудааст. Ба таъкиди вай, содиршавии ҷиноят миёни ҷавонон 84 ҳолат зиёд аст. Ӯ мегӯяд, ки 64 нафар баъди хатми асосӣ аст ва дар мактаб намехонанд. Аз ҷамъи умумии ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби ноболиғон 66 дарсадро ҷиноят дуздӣ ташкил медиҳад.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ