Баҳодур Усмонов

Баҳодур Усмонов дар RCC Boxing Promotion пирўз шуд

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов набарди чорумро дар фаъолияти ҳирфаӣ анҷом дод ва пирўз шуд.

Усмонов дар мусобиқаи RCC Boxing Promotion дар Екатеринбург қувваозмоӣ кард. Ин қувваозмоӣ дар вазни 61,2 кг бо барандаи нимфиналии Гран-при WBO Русия Дмитрий Хасиев (12-4-2) буд.

Дар охири даври чорум Баҳодур Усмонов Дмитрийро ба таноби ринг часпонд ва ҳуҷумҳои тӯлонӣ анҷом дод. Хасиев зарбаҳоро ба дўши худ гирифт, вале амалан ба онҳо ҷавоб надод. Дмитрий раундро пушти сар кард, вале мураббиёнаш ўро ба даври панҷум нагузоштанд. Ҳамин тавр, Баҳодур Усмонов пеш аз муҳлат пирўзӣ ба даст овард.

— Муборизаи хуб гузаронидам ва мехоҳам ба маҳорати олии ҳариф иқрор шавам, вале бо вуҷуди ин, ў аз давом додани мубориза даст кашид. Ин бокс аст, ин ҷо чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд,- гуфт Усмонов. Ин чорумин набарди Баҳодур Усмонов дар ринги ҳирфаӣ аст, ки дар ҳамаи муборизаҳо пирўз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *