Хатлон: Келинкушон ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум шуданд
31-уми май Суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон се узви як хонаводаро, ки ба гумони даст доштан дар марги келинашон Сайёра Зоироваи 36-сола дастгир шуда буданд, ҳукми ҳабси тӯлонӣ додааст.
Бино ба маълумоти мавҷуда, бар асоси ҳукми рӯзи 31-уми май Мукамбар Исҳоқова (хушдоман) ва Хуршедаи Нозим (келини келин) ҳар кадом ба 12 соли зиндон маҳкум шудаанд. Ҷиёншо Раҳимов (бародари шавҳари Сайёра Зоирова) 14 соли зиндон гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки Мукамбар Исҳоқова мегӯяд, касе аз хонаводаи ӯ келинаш Сайёра Зоироваро шиканҷа накардааст. Вай иддао кардааст, ки Сайёра бидуни иҷозаи шавҳараш ба Русия барои кор рафтааст ва аз ин сабаб писараш бори дуюм издивоҷ кардааст. Ҷаҳонгир Раҳимов — шавҳари Сайёра Зоирова низ латукӯби ҳамсараш аз ҷониби модару бародару ҳамсарашро рад карда, аз ҳукми суд изҳори норозигӣ кардааст.
Абдулваҳҳоб Зоиров, бародари марҳум гуфтааст, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ аст. “Одилона буд, чун гунаҳкорон ҷазо гирифтанд”,- гуфтааст аст ӯ.
Тавре гуфта мешавад, Сайёра Зоирова, ки соҳиби 9 кӯдак будааст, моҳи августи соли 2022 дар пайи муноқиша дар хонаводаи шавҳараш шадидан захмӣ шуда, пас аз се моҳ дар бемористони марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ даргузашт. Сабаби марг, ба гуфтаи коршиносони тибу суд, зарбаи шадид ба сар будааст. Тафтишоти парванда кашол ёфт, ки боиси норозигии наздикони зани марҳум гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ