Роналду рақиб аст ё дӯст? Бензема ба “Ал-Иттиҳод” гузашт

Собиқ футболбози 35-солаи “Реал Мадрид” Карим Бензема ба бошгоҳи “Ал-Иттиҳод” гузашт. Ҳамлагари 35-сола бо даста то соли 2026 шартнома баст.

Қаблан маълум шуда буд, ки Бензема дар ду сол 200 миллион евро ба даст меорад.

Футболбози фаронсавӣ Карим Бензема дар бораи гузаштанаш ба дастаи “Ал-Иттиҳод”-и Арабистони Саудӣ изҳори назар кард: «Барои ман ин бошгоҳ як чолиши нав аст. Як лигаи босифат бо бисёр бозигарони хуб. Дӯсти ман Роналду низ дар ин ҷо бозӣ мекунад. Ин нишон медиҳад, ки лигаи Саудӣ рушд мекунад. Ман ба ин ҷо барои пирӯзӣ омадаам, чунон ки дар Аврупо”.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Бензема дар Реал Мадрид бозӣ мекард, ки соли 2009 бозигари он буд.

Карим барандаи феълии «Тӯби тиллоӣ» аст. Дар карераи ӯ Лион Фаронса низ буд. Ӯ дар солҳои 2007-2022 дар ҳайати мунтахаби кишвар бозӣ карда, дар 97 бозӣ 37 гол задааст. Моҳи декабр эълон кард, ки аз тими мунтахаби кишвар канор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *