Миёни ду ниҳоди қудратии Тоҷикистону Русия созишномаҳои нав имзо шуданд

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия, ки рӯзҳои 5 ва 6-уми июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, вазирони корҳои дохилии ҳарду кишвар Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, масоили ҳамкории мақомоти корҳои дохилии ду кишвар дар заминаи мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, терроризм ва ифротгароӣ, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷиноятҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баррасӣ шуд. Фаъолияти тафтишотӣ, экспертизаи криминалистӣ, бақайдгирии ҷиноятҳои шаҳрвандони ҳарду кишвар дар минтақаҳои маъмурии Тоҷикистону Русия, боздошти ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ, ҷиноятҳои киберӣ бо истифода аз технологияҳои муосир, дуздӣ ва азонихудкунии воситаҳои электронӣ, табодули иттилооти оперативӣ ва ғайра дар санадҳои имзошуда инъикос ёфтааст.

Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия ба роҳбарони раёсатҳои оперативӣ, тафтишот, экспертизаи судӣ, алоқа ва дигар масъулин дастур додаанд, ки ҷиҳати иҷрои барномаҳои қабулшуда чора андешанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *