Хатлон: Муноқишаи ҷавонон бо марг анҷомид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки бар асари муноқишаи гурӯҳи ҷавонон дар ноҳияи Ҷайҳун, як ҷавони 31-сола ҷон бохтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса шаби 31-уми декабр дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Дӯстӣ — маркази ноҳияи Ҷайҳун рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, се ҷавони деҳаи Истиқлоли ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун ба се панҷ ҷавони дигар, ки яке аз онҳо бошандаи ҳамон ноҳия, як нафарӣ аз Қӯрғонтеппаву Душанбе ва ду нафари дигарашон аз ноҳияи Вахш буданд вориди муноқиша шуда ва онҳоро латукӯб кардананд. Ба гуфтаи манбаъ, сокини 31-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милиса ин се сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳунро боздошт карда ва дар нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ кардаанд ва таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *