Мусодираи 400 000 дона маводҳои таркандаи пиротехникии гуногун

Тавре, ки Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳанд, аз 28 то 31 декабри соли 2017 аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Отрядҳои сарҳадии «Мурғоб» ва “Деваштич”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, воридоти ғайриқонунии маводҳои таркандаи пиротехникӣ пешгирӣ карда шуд.
Дар вақти убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ автомашинаҳои гуногунтамға, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон дахл дошт аз ҷониби сарҳадбонон боздошт гардиданд, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили автомашинаҳо қуттиҳои маводҳои таркандаи пиротехникӣ, ки вазни умумӣ тақрибан 700 кг буда, 400 000 дона маводҳои таркандаи пиротехникии гуногун дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбати ҳодисаҳои мазкур санадҳои аввалиндараҷа тартиб дода шуда ба Раёсати минтақавии гумрукии вилояти Суғд супорида шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *