Хатлон

Хатлон. Наздики 175 ҳазор кӯдакро ба истироҳат фаро мегиранд

Дар таътили тобистонаи имсола 174 ҳазору 960 хонандаи муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ба осоишгоҳ фаро гирифта мешаванд. Аз ин шумора 6 ҳазору 180 нафар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ бурда мешаванд.

Давлат Сафаров, мушовири маркази методии Раёсати маориф дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки хонандагон дар се марҳила ба осоишгоҳҳо ҷалб мешаванд. Ӯ мегӯяд, ки фарогирии кӯдакон ба истироҳат то аввали август идома мекунад. Ба таъкиди вай, ҳоло марҳилаи аввали сафарбар кардани кӯдакон рафта истодааст. Кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои Норак, Турсунзода, Кӯлоб, Фархор, Варзоб ва Муъминобод бурда мешаванд.

“Имсол кӯдакон ва наврасон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, истироҳатӣ, дохили муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба истироҳати варзишии беҳдоштӣ, истироҳати фароғативу таълимӣ ва ба истироҳати меҳнатии истироҳатӣ ҷалб хоҳанд шуд”,- мегӯяд ӯ.

Давлат Сафаров бо нигаронӣ гуфт, ки мутаассифона, ҳанӯз аз буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои истироҳати кӯдакону наврасон маблағ ҷудо нашудааст. Ӯ мегӯяд, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023” ҳанӯз аз 28-уми марти соли равон ба тасвиб расида буд.

— Шуъбаи маориф дархост мекунад ва мувофиқи он бояд маблағ ҷудо шавад. Танҳо дар шаҳри Левакант ва ноҳияи Дӯстӣ барои 8 ё 10 муассисаи таълимӣ маблағ ҷудо мекарданду халос. То ҳанӯз аз буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо нашудааст. Аз фонди захиравии раиси шаҳру ноҳия бояд ҷудо шавад. Вале чунин нест,- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Бобоназар Давлатов, муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки барои ба истироҳат фаро гирифтани кӯдакон дар буҷети маҳаллӣ маблағ пешбинӣ нашудааст. Ин кор аз ҳисоби иттифоқҳои касаба ва волидони хонандагон роҳандозӣ мешавад.

“Вақте буҷет ба нақша гирифта мешавад, истироҳати кӯдакон (лагер) гуфтанӣ нест. Танҳо чанд муассисаи таълимӣ барои таъмини кӯдакон бо хӯрока маблағгузорӣ мешаваду халос”,- афзуд вай.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *