Тоҷикистону Чин филмҳои муштарак мебардоранд

Муҳаммадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо Ли Мингуян, муассиси ҶДММ “Сарез” дар бораи банаворгирии филмҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин ба қарор омадаанд.

Бино ба иттилои “Тоҷикфилм”, дар ҷараёни ин вохӯрӣ ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки студияҳои филмсозӣ сохта, филмҳои муштарак мебардоранд ва чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ доир мекунанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки банаворгирии филмҳои муштарак ва “баргузории чорабиниҳои фарҳангию синамоӣ бо иштироки ходимони санъату фарҳанги ҳар ду ҷониб” барои ошноии беҳтари ҳарду миллатҳо ва “робитаҳои дӯстию ҳамҷаворӣ” мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *