Хатлон: Саҳми соҳибкорон дар таъмири роҳ
Дар чор моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо саҳми соҳибкорон наздики 9 километр роҳи мошингард навсозӣ карда шудааст.
Ҳамчунин, бо саҳми онҳо беш аз 43 километр роҳ сангфарш шуда, 10 адад пул таъмир шудааст.
Нусратулло Ҳақназаров, сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард дар вилояти Хатлон гуфт, ки бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳиссаи соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ дар се моҳ корҳои назаррас анҷом дода шудааст.
Ӯ мегӯяд, дар маҷмуъ саҳми соҳибкорон барои таъмири роҳҳои мошингард беш аз 6 миллиону 830 ҳазор сомонӣ аст. Ба таъкиди вай, саҳмгузории соҳибкорон нисбати солҳои гузашта бештар мешавад.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ