Дар Шаҳристон мамнуъгоҳ барои оҳувон таъсис ёфт

Маркази матбуоти вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Шаҳристон дар масоҳати 15 гектар мамнуъгоҳ таъсис ёфта, барои парваришу афзоиши саршумори оҳу тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Чуноне зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Шаҳристон иттилоъ дода шуд, мамнуъгоҳро соҳибкорони маҳаллӣ бунёд кардаву 30 сар оҳуи намуди лама дар он ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Атрофи мамнуъгоҳ пурра симтӯр кашида шуда, барои муҳофизати оҳувон нозирон таъйин шудаанд.

Бино ба маълумоти дарёфтшуда, раиси вилоят ҳини боздид таъкид кардааст, ки Шаҳристон дорои табиати нотакрор буда, бояд барои ҷалби сайёҳон аз иқтидорҳои бузурги табиӣ истифода бурда шавад. Фаъолияти муназзами мамнуъгоҳ низ метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намояд.

Ба иттилои манбаъ, ба масъулини Хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон дастур дода шудааст, ки барои зиёд намудани саршумори оҳу ва назорати доимии онҳо пайваста чораҷӯӣ карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *