Рӯзи “Шашмақом” Рӯзи Барно Исҳоқова аст!

Санаи 12-уми май дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон Рӯзи “Шашмақом” таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мақомсарои машҳури тоҷик Барно Исҳоқова таваллуд шудааст. Бинобар ин, месазад, ки дар Рӯзи “Шашмақом” ёди ин ҳунарманди бузург кунем.

Дар тўли фаъолияти эҷодии зиёда аз нимасраи хеш бо ҳунари воло, санъати асил ва қобилияти нотакрори худ ба дилу дидаи мардуми Машриқзамин ҷо гирифтааст. Суруду таронаҳои ҷаззобу форами ў дар замири пиру ҷавон мазмуни амиқу ғояҳои олии ватанхоҳона ва башардўстонаи бузургони фарҳангу адабро парвариш намудааст.

Ў чун меросбари сазовори санъати ғановатманди «Шашмақом» ба осори ниёгон шукуҳу ҷилои тоза бахшида, маҳбуби ҳамагон гаштааст. Барои хизматҳои шоистаи хеш дар рушду нумўи санъати классики «Шашмақом» Ҳукумати Тоҷикистон ўро бо унвони «Артисти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гардонидааст.

Номи аслиаш Баҳман буда, дувоздаҳуми майи соли 1927 дар шаҳри Тошканд дар оилаи хизматчӣ дида ба олам кушод. Пешаи сарояндагиро аввал аз падараш Бераҳ Исоқов омўхта, сипас дар дастаи ҳаваскорони санъати хонаи бачагонаи Тошканд такмил додааст.

Аввалин сурудаш «Лола» дар азназаргузаронии ҷумҳуриявӣ (соли 1939) сазовори ҷоиза гардидааст. Солҳои 1941-1943 китобдори китобхонаи мактаби миёнаи №24-и шаҳри Тошканд, солҳои 1943-1945 сарояндаи хори радиои Ўзбекистон. Аз соли 1950 то 1980 яккахони Ансамбли мақомхонони Кумитаи садо ва симои РСС Тоҷикистон.

Барно Исҳоқова аз беҳтарин сарояндагони осори мусиқии мардумӣ, классикӣ, оҳангсозии тоҷик буда, маҳорати иҷроияшро зери сарпарастии донандагони мусиқӣ ва устодони номии «Шашмақом» Б. Файзуллоев, Ф. Шаҳобов, Ш. Соҳибов, М. Толмасов омўхтааст.

Дар иҷрои Барно зиёда аз 100 суруду тарона, шохаҳои овози «Шашмақом», мусиқии устодонаи тоҷик ба иҷро расида, ба захираи тиллоии мусиқӣ ворид шудаанд. Махсусан, «Насруллоҳӣ» (ғазали Ҳофиз), «Ҳусайнӣ” (ғазали Ҳофиз), «Муғулчаи Дугоҳ» (ғазали Фурўғӣ), «Сарахбори Ороми ҷон» (ғазали Ҳофиз), «Насри Баёт» (ғазали Ҳилолӣ), «Чаҳоргоҳ» (ғазали Камол), “Ушшоқи Самарқанд” (ғазали Зебуниссо), «Нимчўпонӣ» (ғазали Бедил) ва ғайра аз беҳтарин осори мусиқии иҷронамудаи Барно Исҳоқова буда, дар захираи тиллоии радиои Тоҷикистон сабт шуда ва маҳфузанд.

Барно Исҳоқова иштирокдори чор Симпозиум ва Фестивали байналмилалии мусиқии мардумони Шарқи Миёнаю Наздик (Самарқанд, 1978,1983, 1987, Душанбе, 1990 ба ифтихори 1400-умин солрўзи Борбад) буда, дар овози ў бо ҳамовозии оркестри созҳои миллӣ, ансамбли созҳои суннатӣ беҳтарин сурудҳои мардумию устодонаи тоҷик ба иҷро расида ва сабт шудаанд.

Аллома Бобоҷон Ғафуров ба санъати волои Артисткаи Халқии РСС Тоҷикистон Барно Исҳоқова борҳо кафкӯбӣ намуда, чунин қайд намуда буд: «Шашмақом» шоҳасари санъати мо ва на ҳар як овозхон ҳунари хондани онро дорад. Зеро иҷрои суруди классикӣ маҳорату истеъдод ва завқи хосаи ҳунариро талаб менамояд. Барно Исҳоқова дорои чунин завқи саршор буда, метавонад «Шашмақом»-ро бо тамоми назокату нафосаташ ба самъи шунаванда расонад».

Устод Бобоҷон Ғафуров ташаббускори даъват кардани симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба мероси мусиқии анъанавии халқҳои Шарқ ва махсусан «Шашмақом» буд.

Барно Исҳоқова дар ҳар се симпозиуми байналхалқӣ дар шаҳри Самарқанд иштирок карда, ҷойи аввалро ишғол намуда буд.

Беҳтарин суруди Барно Исҳоқова, ки Бобоҷон Ғафуров дўст медошт, бар ғазали Сайидо мебошад, ки матнаш ин аст:

Ин чӣ рангу рухсор аст? Гулшани ҷамол аст ин.

Ин чӣ қаду рафтор аст? Ғояти камол аст ин.

Пеши рўи тобонат ҷилваи таҷаллӣ чист?

Офтобу моҳ аст он, партави ҳилол аст ин.

Аз замин чӣ меҷўӣ? В-аз фалак чӣ мехоҳӣ?

Гунбади тилисм аст он, чодари хаёл аст ин.

Вақте ки соли 1983 Барно Исҳоқова дар симпозиуми байналхалқии сурудҳои «Шашмақом» ҳамин сурудро дар саҳнаи Мадрасаи Шердори Самарқанд иҷро мекард, мавҷи қарсақҳоро ҳадду каноре набуд. Махсусан, ҳамон ҷои авҷи баланди суруд — «Аз замин чӣ меҷўӣ? В-аз фалак чӣ мехоҳӣ? Гунбади тилисм аст он, чодари хаёл аст ин»-ро хонд, гўё нақшунигор ва гунбади деворҳои Мадрасаи Шердор ба ларза омада буд ва дар ҳамин лаҳзаҳо руҳи поки Бобоҷон Ғафуров шод мешуд, ки ҳофизаи дўстдоштааш Барно Исҳоқова шарафи санъати мусиқавии тоҷикро баланд мебардошт.

Боиси сарафрозӣ ва ифтихор аст, ки Барно Исҳқова солҳои хеле зиёд дар Тоҷикистон камол ёфтаву эҷод кардааст, санъати ў эҳтироми бепоён дорад. Як зумра шогирдони ў — Х. Зарипов, С. Умарова, С. Наҷмиддинова, Л. Азизова ва дигарон бо меҳр ва самимият санъати «Шашмақом»-ро идома дода истодаанд.

Барои хидматҳои шоистааш дар рушду тарғиби мероси мусиқии тоҷик Барно Исҳоқова бо Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рўдакӣ (1985), Ордени Байрқи Сурхи Меҳнат, нишону ифтихорномаҳои СССР, РСС Тоҷикистон мушарраф шудааст.

Соли 1993 бо оила ва фарзандонаш ба давлати Исроил кўч баст ва дар ҳамон ҷо 8-уми сентябри соли 2001 дар сини 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Н. МАҲМУДОВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *