Хатлон: сагҳо нест карда мешаванд, аммо… (аудио)

Дар ноҳияи Кӯшониён аз аввали сол то имрӯз 76 саг несту безарар карда шудааст. Вале ҳанӯз сагҳои дайду дар маркази ин ноҳия кам нестанд.

Абдуғаффор Камолов, корманди Корхонаи манзиливу коммуналии ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки шабона дар маркази ноҳия сагҳои зиёди бесоҳиб мегаштаанд. Сокинон аз ин вазъ шикоят кардаанд.

Ӯ мегӯяд, ки баъдан бо ҷалби шикорчиёни шартномавии корнохона 76 саг нест карда шудааст. “Мутаассифона, ҳанӯз сангҳои дайду дар маркази ноҳияи Кӯшониён ҳастанд. Аммо дар оянда нест карда мешаванд. Хушбахтона, касе аз сагҳои дайду ва бесоҳиб зарар надидааст. Вале сокинон шабона аз дидани саг метарсанд. Ба ҳамин хотир сагҳо нест карда мешаванд”,- афзуд вай.

Бояд гуфт, ки давоми соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзиливу коммуналӣ дар вилояти Хатлон 1772 саг ва 35 гурба несту безарар карда шудааст. Вале ҳанӯз сагҳои дайду дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ва дохилу атрофи беморхонаҳо мушоҳида карда мешаванд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *