Аҳмадзода аз номи Президент ба оилаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ кард (аудио)

Имрӯз, 20 сентябри соли равон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба манзили сокиноне, ки дар натиҷаи ҳамлаи ноҷавонмардонаи низомиёни  Қирғизистон ҳалок шуда буданд, омада ба аҳли оилаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллият карда, ба онҳо сабри ҷамил хостааст.

“Рӯзҳои 14-17 сентябр Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом дод. Дар ҷараёни ин амалиёти таҷовузкорона ҷониби Қирғизистон аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи «Байрактар ТБ2» ва симтемаҳои мушакии зарбазананда истифода намуд, ки боиси ҳалокати сокинони осоишта гардид”,-иттилоъ ме6диҳад маркази матбуоти раиси вилояти Суғд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *