Хатлон: Сохтмони беморхонаи қалб оғоз мешавад

Рӯзҳои наздик дар шаҳри Бохтар корҳои сохтмонии Беморхонаи вилоятии қалб оғоз мешавад. Ин нукта имрӯз, 27 январ дар нишасти хабарии Раёсати тандурустӣ зикр шуд.

Иброҳим Мусозода, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон афзуд, ки корҳои сохтмонии Маркази ташхису табобати беморхонаи қалб дар наздиктарин фурсат шуруъ мешавад.

Ӯ мегӯяд, дар аввал панҷ миллион сомонӣ барои беморхонаи мавриди назар ба нақша гирифта шуд. Ба таъкиди вай, беморхонаи нав дар дохили Маркази вилоятии бемориҳои чашм бунёд мешавад.

«Бино аз панҷ ошёна иборат аст ва дар он ҳам беморхонаи бемориҳои дил ва ҳам маркази эндокринологӣ ҷойгир мешавад. Иншооти нав то таҷлили 35 -солагии Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳ карда мешавад»,-гуфт номбурда.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон беморхонаи махсусе мавҷуд нест, ки беморони қалб бистарӣ ва табобат шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *