Хатлон: Таваҷҷуҳ ба парвариши хуч зиёд шуд

Дар назар аст, ки имсол дар вилояти Хатлон дар майдони бештар аз 80 гектар дарахти хуч шинонида шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта майдони парвариши дарахти хуч дар маҷмуъ 43 гектарро ташкил мекардааст.

Мираҳмад Давлатов, муовини роҳбари муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон дар суҳбат бо Prеssa.tj гуфт, ки нақшаи зиёд кардани дарахтони хуч ва олучаи куҳӣ баъди супориши Роҳбари давлат руйи даст гирфта шудааст. Ӯ мегӯяд, ки соли 2021 нақша 37 гектар буд, вале дар 43 гектар замин хуч шинонида шуд. Имсол мувофиқи нақша дар майдони бештар аз 80 гектар шинонидани дарахти хуч дар назар аст.

“Хуч барои омода кардани доруворӣ бисёр истифода мешавад. Баъдан, бо нархи баланд ба фурӯш баровардани он мумкин аст. Ҳоло дар муассиса парвариши 16 ҳазор дарахти хуч ба роҳ монда шудааст. Имсол ҳамаи ҳамин ба заминҳои холимондаи ҳудуди вилояти Хатлон гузаронида мешавад”.

Мираҳмад Давлатов мегӯяд, ки дар минтақаи Бохтар аз гармии ҳаво ва кам будани намии замин парвариши ин дарахт чандон осон нест. Вале дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки намии замин бештар аст, парвариш нисбатан осон мебошад.

— Бо вуҷуди ин, мо талош дорем, то хушкшавии дарахтон монанди соли гузашта аз 20 дарсад зиёд набошад,- таъкид кард вай.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *