Хатлон: Туҳфаҳои Давлаталӣ Саид ба се кӯдакистон
Ба хотири «Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон» имрӯз, 1-уми июни соли равон, ба се муассисаи томактабии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Кӯшониёну Қубодиён туҳфаҳо расонида шуданд.
Туҳфа аз номи раиси вилояти Хатлон дар доираи “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027” тақдим карда шуд.
Саҳифаи фейсбукии Раёсати маориф хабар додааст, ки туҳфаҳо аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар масъулин ба муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои мавриди назар расонида шудаанд.
Зикр шудааст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда истодаанд.
Масъулини муассисаҳои мазкур аз дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намудаанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ