Аз таҳти дил бихандед!
Се сабаб
Аз муаллим мепурсанд:
– Се сабаби асосие, ки шумо касбатонро дӯст медоред?
Муаллим мегӯяд:
– Июн, июл, август!
Ҷой надоданд
Марде ба хонааш хурсанд омада, гуфт:
– Ҳоло ман ҷавон будаам.
Занаш хандид:
– Кӣ гуфт?
Мард гуфт:
– Охир, дар автобус касе ба ман ҷой надод…
Пул
Ҷавоне ба дӯстдоштааш мегӯяд:
– Ман барои ту офтобу моҳтобу ситораҳоро мебахшам.
Духтар дар ҷавоб:
– Тамоман пул надорӣ чӣ?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ