Хатлониён 1 ҳазору 200 ҷанговар доданд
Имрӯз 2-апрел дар шаҳри Бохтар маъракаи сафарбаркунии наваскарон ба артиш баргузор гардид. Дар рӯзи аввали маъракаи баҳории даъвати ҷавонон ба артиш 1 ҳазору 200 ҷавони далеру шуҷоъ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба сафи Қувваҳои мусаллаи мамлакат шомил шуданд.
Носирҷон Маъмурзода, мудири Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дасгоҳи раиси вилояти Хатлон гуфт, бахшида ин рӯз дар шаҳри Бохтар чорабинии мутантан баргузор гардид. Дар оғоз Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон гуфт, ҷавонон ҳифз кунандаи манфиатҳои миллӣ кишвар ва ҳимоякунандаи марзу буми Тоҷикистон мебошанд. Ҳамчунин таъкид кард, ки ҳифзи ватан ва таҳкими истиклолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шахси соҳибватан аст.
Бояд гуфт, дар рӯзи аввали маъракаи ҷалби ҷавонон ба артиш ноҳияҳои Носири Хусрав, Шасиддин Шоҳин ва Балҷувон нақшаро пурра иҷро намуданд.
Бо қадршиносӣ аз ватандӯстии ҷавонони далеруву шуҷоат ба наваскарон туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супорида шуда, бо дуи неки волидон онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ