Хатлониён дар сафи Толибон
Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон се сокини ин минтақаро дар ҷустуҷӯ қарор додааст, ки ба ҳамдастӣ ва узвияти ҳаракати «Толибон» гунаҳгор дониста мешаванд.
Аз мақомоти пулиси вилояти Хатлон гуфтаанд, ки корҳои оперативӣ маълум кардааст, ки онҳо ҷавононе будаанд, ки чанд соли пеш кишварро тарк кардаанд.
Сӯҳроб Саломов, муовини сардори Раёсати корҳои дохилаи вилоят гуфт, ки ба хотири халал наёфтани рафти тафтишот, феълан аз аз гуфтани ному насаби ин афрод ва аз кадом маҳал буданашон, худдорӣ меварзанд: «Сирри тафтишот ҳаст. Ҳоло ҳамаи парвандаҳо ба додгоҳ нарасидаанд. Ин одамҳо солҳои пеш сарҳадро убур кардаанд ва дар задухӯрдҳо ширкат доранд. Ҳоло аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Дар ҳамин ҳол, мақомоти амниятӣ мегӯяд, ки пайвастани ҷавонон ба «Давлати исломӣ» соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи онҳо, наздики 300 сокини ин вилоят соли гузашта аз роҳи Русия ба майдонҳои ҷанги Ироқу Сурия рафта, дастикам 30 нафарашон кушта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ