Хайриддини Шариф: Ман СПИД нестам!
«Бурун ой аз дари шуҳрат, ки шуҳрат бӯи хун дорад» гуфтани шоир беҳуда нест. Ҳодисае, ки рӯзҳои охир ба сари сарояндаи ҷавону боистеъдод Хайриддини Шариф омадааст, бори дигар ҳақиқати ин гуфтаҳоро исбот менамояд.
Таронаи “Зулфота хам-хам задай” ба зудӣ вирди забони хурду калон гашта, ба Хайриддини Шариф шуҳрати беандоза овард. Нотавонбинон тобу тоқати дидани маҳбубияти ин сарояндаи ҷавонро накарда, овоза паҳн намуданд, ки Хайриддини Шариф ба бемории СПИД гирифтор аст. Баҳсҳо дар инстаграм ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ сари ин мавзӯъ хеле зиёд ва пуршиддат ҷараён доранд, аз ҳамин хотир, мо қарор додем ҳақиқати ҳолро аз худи сароянда пурсон шавем.
-Хайриддин, овозаи нохуше ба гӯшамон расид ва…
-Метавонед давомашро нагӯед! Ман худам интизор будам, ки кай ягон журналист занг мезанаду диламро мекафонам. Қариб як моҳ шуд, ки ин овоза ҷони маро ба лабам овардааст. Аз кадом кӯчае, ки нагузарам, ба кадом тӯю маъракае, ки наравам, маро дида ба пичир-пичир кардан медароянд, ки Хайриддин СПИД шудааст…
-Сахт асабӣ мешудагистед…?
-Ин гапе ҳаст, ки асабӣ нашавӣ?! Базӯр худамро ба даст гирифта, ба баъзе одамони кунҷков мефаҳмонам, ки ягон дарди бедаво надорам. Барои исботи он ки СПИД надорам, ҳатто аз ташхис гузаштам, вале даҳони ҳамаи ғайбатчиҳоро баста намешавад.
—Аслан ин овоза аз куҷо пайдо шуд?
-Ман як одат дорам, ки баъди ҳар се моҳ хун месупорам ва пурра аз ташхис мегузарам. Ин корро танҳо ба хотири пешгирии бемориҳо ва нигоҳ доштани саломатии худ мекунам. Душманонам маро дар назди маркази хун дида, чунин овозаи гӯшхарош бароварданд.
-Паҳн кардани овозаи бардурӯғе, ки обрӯи шахсро мерезонад, ҷиноят аст. Ба мақомот арз накардед?
—Мақомот аллакай ҷилави он ҳангомаҷӯёнро кашида ҷазояшонро дод. Умедворам, ки дигар душманон дар рӯйи роҳи ман чоҳ намекананд.
-Қабл аз ин як овозаи дигар паҳн шуда буд, ки Хайриддини Шариф баъди машҳур шуданаш ҳамсарашро талоқ дода, зани ҷавон гирифтааст…?
-Ҳамааш дурӯғ аст. Шукри Худо ман оилаи обод дорам ва падари ду шоҳписар ҳастам. Писари калониам Абдулло аллакай 9- сола аст, Ҳусниддинҷон бошад, нав 3-моҳа шуд.
-Дуо мекунем, ки ҳамеша чунин хушбахт ва маҳбуб бимонед!
Бознашр аз «Оила»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ