Дар Аврупо «клон»-и Фирӯза Ҳафизоваро месозанд. (Видео)

Хабари бо як ширкати лӯхтаксозӣ шартнома бастани сарояндаи ҷавону зебои тоҷик Фирӯза Ҳафизова барқсон паҳн гашта, боиси баҳсу мунозираҳои зиёде шуд.

Яке мегӯяд, ки ин овоза дурӯғ аст, дигарӣ иддао мекунад, ки дар ҳақиқат Фирӯза бо корхонаи лӯхтаксозӣ шартнома бастааст ва ба наздикӣ лӯхтакҳое ба фурӯш мебароянд, ки мисли як себи дукафон ба Фирӯза Ҳафизова монанданд, гурӯҳи саввум бар он назаранд, ки бо ҳамин роҳ ин бонуи ҳунарманд худро тарғиб кардан мехоҳанд…

Барои фаҳмидани асли гап мо ба Фирӯза Ҳафизова занг задем, вале телефонро каси дигар бардошта, гуфт, ки ин бонуи ҳунарманд айни замон дар хориҷи кишвар қарор дорад.

Фирӯза Ҳафизова баъди даҳ рӯз аз Анталия бармегардад. Умедворем, ки ин сарояндаи зебову булбуловоз парда аз рӯйи ҳақиқат бардошта, мухлисонашро бо “сюрпрайз”-и навбатияш шод хоҳад кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *