Хайринисо Юсуфӣ: Тоҷикистон амнтарин кишвари минтақа аст
Таърих гувоҳ аст, ки Тоҷикистон дар муддати хеле кӯтоҳ ба дастовардҳои бузургу беназири иқтисодиву сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ ноил гаштааст.
Сохтмони пулҳо, туннелу роҳҳо, эҳёву рушди соҳаҳои саноат, энергетика, металлургияи ранга ва бунёди дигар иншооти ҳаётан муҳим шароити муносиби зиндагиро барои сокинон ва пешрафту ободии ҷумҳурӣ фароҳам овардааст. Бунёди ин иншооти азим на танҳо аҳамияти бузурги иқтисодиву тиҷоратӣ дорад, балки барои боз ҳам мустаҳкам гардидани истиқлолияти комили ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Имрӯзҳо мамлакати мо ба шарофати суботи устувори сиёсиву ҷамъиятӣ ва заминаҳои мусоиди ҳуқуқии ҷалби сармоя беш аз пеш диққати давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ширкатҳо ва доираҳои сармоягузори бонуфузи дунёро ба худ ҷалб менамояд. Дар панҷсолаи охир ҳафтае нест, ки изҳори ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ дар ин ё он риштаи иқтисод ва ё соҳаи хидматрасонӣ аз ҷониби хориҷиён садо надиҳад.
Бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ваҳдати миллӣ ва суботу амният буда, муваффақиятҳои баъдӣ самари он мебошанд. Ин гуфтаро метавон бо далелҳо собит намуд. Масалан, Бонки умумиҷаҳонӣ соли 2011 рейтинги давлатҳоеро нашр кард, ки барои рушди тиҷорат заминаи устувор мегузоранд. Тоҷикистон дар ин рейтинг дар қатори 10 давлати аввали дунё ҷой гирифтааст. Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва иқтисод дар Амрико соли 2011 рӯйхати кишварҳои амн дар ҷаҳонро нашр намуда, Тоҷикистонро дар он амнтарин кишвари минтақа дар байни кишварҳои пасошӯравӣ эътироф намудааст. “Happy Planet Index – 2012” кишвари моро ба қатори кишварҳои “хушбахттарин” шомил намуд, сомонаи маъруфи интернетии сайёҳии «Globe Spots» бошад, Тоҷикистонро ба 10-гонаи макони беҳтарини сафар дар соли 2014 ворид кардааст. Геллап (Gallup) — яке аз марказҳои маъруфи назарсанҷӣ соли 2015 Тољикистонро амнтарин кишвари пасошӯравӣ эътироф намуд…
Таҷрибаи давлатдорӣ дар тӯли таърих собит намудааст, ки дар марҳилаҳои ҳассос ҳар миллат ва давлатро роҳбаре лозим аст, ки дар вазъияти печидаву мураккаб иқдомеро роҳандозӣ намояд, ки боиси наҷоти кишвар гардад. Дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ Тоҷикистонро роҳбар ва лидери сиёсие лозим буд, ки бебокона ба муқобили оташи сӯзони ҷанг сина сипар намуда, пеши роҳи куштору харобиҳоро бигирад ва миллатро аз нобудӣ раҳоӣ бубахшад. Ба бахти баланди мо, тоҷикистониён, таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки воқеан дилу нияти нек дошта, тору пудашро Офаридгор аз садоқат ба халқу Ватан ва ҷасорату ҷавонмардӣ сириштааст. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу заҳмати хешро бар он равона намуданд, ки ба ҷанги бемаънии бародаркушӣ анҷом бахшида, халқи тоҷикро дубора муттаҳид созанд ва бо ҷонбозиҳои зиёд ба ин муваффақ шуданд. Ин дастоварди бузурги миллати тоҷикро, ки бо талошу заҳматҳои созандаи Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, тамоми дунё эътироф намуда, ба роҳбари оқилу хирадманди мо офарин мехонад.
Истиқлолият ҳамон вақт маъно ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки аҳли ҷомеаи кишвар ба қадри он бирасанд, онро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намоянд, асоси хушбахтии худ ва наслҳои минбаъда донанд. Мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони азизро ба ин ҷашни фархунда табрик намуда, дарки аслии истиқлолиятро ба ҳамаи онҳо таманно дорам!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ