Узрпурсии «Тоҷик эйр» аз мусофирон

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз мусофирони хатсайри Бишкек-Душанбе узрхоҳӣ кард, ки натавонистааст онҳоро рӯзи 7-уми сентябр дар вақти таъиншуда ба пойтахти Тоҷикистон расонад. 

Ҳавопаймои навъи Боинг-757-231-и ширкати «Тоҷик Эйр» рӯзи гузашта баъди ним соати парвоз ба далели фаннӣ дубора ба фурудгоҳи «Манас»-и Бишкек нишаст ва танҳо рӯзи 8-уми сентябр мусофиронро ба Душанбе овард.

Масъулони ширкати «Тоҷик Эйр» гуфтанд, ин мушкил ба далели нуқси фаннӣ дар ҳавопаймо ба вуҷуд омада буд ва барои муоина ва рафъи ин нуқс ба вақт зарурат доштанд. Ин ширкат хабар дод, ки барои пеш омадани ин мушкил намояндаашро дар Бишкек аз кор рондааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *