Хазинаи тиллоии тоҷикон. Китобе, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад

Ба қарибӣ дар Токио, пойтахти давлати Ҷопон китоби дипломати шинохта, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ — “Хазинаи тиллоии тоҷикон” бо забони  ҷопонӣ ба нашр расид. Ин 11-ум забоне аст, ки ин китоб ба табъ мерасад ва миллати тоҷикро дар олам муаррифӣ мекунад.

Бақои миллат

“Хазинаи тиллоии тоҷикон” қаблан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, чинӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва туркӣ бо теъдоди аз 3000 то 5000 нусха дар нашриётҳои маъруфи дунё — The Ethnic Publishing House-и Хитой, Wostok Verlag-и Олмон, Big Media Group-и Белгия ва IMAK-и Туркия, Москва, Теҳрон ва ғайра нашр шудааст.

Китоб таърихи фарҳанги халқи тоҷикро дар дарозои 2,5 ҳазор сол дар бар мегирад. Дар китоб зиёда аз 500 нигораи нодир пешниҳод мешавад, ки бахше дар осорхонаҳои бостоншиносии Тоҷикистон, бахши дигар дар осорхонаҳои хориҷӣ ва қисме ҳам дар ихтиёри коллексионерҳои хусусӣ қарор доранд. Аз ҷумла 16 намунаи бостонӣ аз коллексияи худи муаллиф аст. Ҳамроҳхон Зарифӣ мегӯяд, ки таълифи ин китобро 30 сол пеш оғоз кардааст.

Аз суҳбат бо Ҳамроҳхон Зарифӣ:

Соли 1992. Кишвар дар алангаи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт. Хонаи ман дар маркази шаҳр, дар “Хонаи матбуот” буд. Як рӯзи боронӣ ба кӯча баромадам. Дар он солҳои вазнин, мардум ба ҷойи плаш ё чатр аз борон зери селофан панаҳ мебурданд. Дар анбуҳи селофанпӯшҳо назарам ба мӯйсафеде афтод, ки чанд китобро дар замин паҳн карда, интизори харидор буд, вале касе ҷонибаш намеомад. Ба ӯ наздик шуда, китобҳояшро аз назар гузаронидам. Як албом диққатамро ҷалб кард, ки намунаи ҳунари нигорандагии тоҷиконро аз давраҳои гуногун фаро мегирифт ва хеле назаррабо буд. Қимати китобро пурсидам. Пирамард гуфт: “Як чиз те бачам, ақаллан хлеб харида тавонам…”. Китоб нодир буд. Бо пули ночиз онро харидам. Ҷанг буд, ба бақои давлат эътимод набуд. Ба худ андешидам: Агар фурсат даст медод, китобе бо нигораю матнҳо аз таърихи миллат омода мекардам. Агар давлат шикаст хӯрад ҳам, китоб ҳамчун ёдгоре аз таърихи миллат боқӣ мемонд. Шукр, ки ба оромӣ расидем ва ман ин китобро бо ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ба анҷом расонидам.

Хазинаи тиллоии тоҷикон дар Конгресс

Китоби “Хазинаи тиллоии тоҷикон” аз бахшҳои мухталиф иборат аст. Барои мисол, он ба “Хазинаи Ому”, “Роҳи бузурги абрешим”, наққошӣ, миниётураҳо, заргарӣ, кандакорӣ, кулолӣ, ҳунари тарроҳиву тасвирӣ, меъморӣ, либосҳои миллӣ, гулдӯзӣ, созҳои мусиқии асрҳои гузашта ва дигар намунаҳои санъати амалӣ ва ороишии халқи тоҷик бахшида шудааст. Ҳар як нигораи китоб шарҳи илмӣ дорад.

Арзиши дигари ин китоб дар он аст, ки ҳар нашри он таърихи равобити Тоҷикистонро бо кишвари соҳибзабон дар бар мегирад. Барои мисол, дар сарсухани нашри арабӣ доир ба таърихи муносибатҳои тоҷикон бо арабҳо, дар бахши туркӣ доир ба муносибати тоҷикон бо туркҳо ва ё дар бахши ҷопонӣ бошад, доир ба муносибати тоҷикон бо ҷопониҳо маълумоти арзишманду муҳими илмӣ оварда мешавад.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, муаллифи “Хазинаи тиллоии тоҷикон” дар пешсухани китоби худ гуфтааст, ки ин асар нигоҳи амиқтар ба фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва нақши тоҷикон дар фарҳангӣ ҷаҳонӣ аст: “Ман сайъ кардам мардуми ҷаҳон аз тоҷикони бостонӣ ва тоҷикони имрӯзӣ шинохти бештар дошта бошанд ва пайвандҳои тамаддуни ҷаҳониро дар фарҳанги тоҷикон дарёфт кунанд”.

Аз суҳбат бо Ҳамроҳхон Зарифӣ:

Аз соли 96-ум фаъолияти дипломатии  банда оғоз шуд. Нахуст дар САҲА кор кардам, баъдан дар Австрия, Швейтсария, Венгрия ва Амрико сафир будам. Дар ҳар куҷое, ки будем, дар чорабиниҳо, нигораҳои он китобро ба намоиш мегузоштам ва аз таваҷҷуҳи хориҷиён ба фарҳангу ҳунари тоҷик дар ҳайрат мемондам. Бинобар ин, кофтуковамро бештар идома медодам.

Вақте дар ИМА сафир будам, ба китобхонаи Конгресс рафта, аз каталогҳои он дар бораи тоҷикон маълумот ҷустуҷӯ кардам, фақат ду китобча баромад, яке барои онҳое, ки забони англисӣ меомӯзанд, дигараш ҳам як роҳнамо.

Хазинаи Амударё чӣ тавр аз Тоҷикистон рафт ва чӣ сон ба ватан баргашт?

Ҳамроҳхон Зарифӣ барои пайдо кардани мероси фарҳангии халқи тоҷик осорхонаҳои зиёди дохилу хориҷ ва коллексияҳои мухталифро гашт. Як ёдгориро аз Кӯлоб пайдо карду дигареро аз Хуҷанд, сеюмиро дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ёфту чаҳорумиро дар Музейи Бритониё.

Як бахши муҳими ин китоб муаррифии “Хазинаи Амударё” аст, ки таҳқиқи он на танҳо муаллифро ба таърихи ин ганҷина ошно кард, балки онро ба Тоҷикистон низ овард.

Аз суҳбат бо Ҳамроҳхон Зарифӣ:

Таълифи ин китоб маро ба Лондон, ба Музейи Британия овард. Ба суроғи “Хазинаи Амударё” рафта будам. Президенти музей экспонатҳоро ба ман нишон дод. Дар он ҷо 17 экспонат ҳаст. Баъди дидани онҳо, гуфтам, ки дар Конгресс масъалагузорӣ мекунам ва ҳамчун мероси Осиёи Миёна роҳҳои ба Тоҷикистон баргардонидани ин хазинаро пайдо мекунам. Ҳуш аз сарашон канд.

Хазинаи Амударё аз соҳили дарёи Панҷ аз Қубодиён ёфта мешавад. Ҳамин 17 экспонат бо роҳи Қочоқ то Пешовар бурда мешавад. Аз он ҷо як медсенати англис онҳоро ҳуҷҷат мекунад ва бо роҳи қонунӣ харида ба Англия мебарад. Яъне ин экспонатҳои қонунӣ дар Музейи Британия нигоҳ дошта мешаванд.

Нашри душвортарин

Ҳамроҳхон Зарифӣ мегӯяд, ки нашрҳои пешини китоб бо даводави камтарин ба нашр мерасиданд, вале ӯ дар нашри ҷопонӣ хеле азоб кашид. Ӯ мегӯяд, ки раванди баррасӣ ва чопи китоб 5 сол идома кард.

Аз суҳбат бо Ҳамроҳхон Зарифӣ:

Ватқе ман китобро ба забони ҷопонӣ чоп каранӣ шудам, ба археологи шинохта, мутахассиси Осиёи Марказӣ профессор Като Кюдзо муроҷиат кардам. Ин профессори 94-сола розӣ шуд, ки бо ман ҳамкорӣ кунад, вале ногаҳон дар Тирмизи Ӯзбекистон даргузашт. Баъдан ин кор ба дӯши дигар олимон афтод ва мубоҳисаҳо 5 сол давом карданд. Онҳо мехостанд мушаххас бикунанд, ки ҳар як нигораи китоб ба тоҷикон тааллуқ дорад ё не? Барои ҳар як калима, барои ҳар як сурат баҳс мекардем.

Ин китоб 2 нуктаи ҷолиб дорад:

1. Кай тоҷикон ба Ҷопон рафтанд?

 Соли 654 ду оилаи Таҳористони минтақаи худамон Чин мераванд. Баъд аз он ба Ҷопон, ба шаҳри Нара ҳиҷрат мекунанд, то ба бутпарасии худ идома диҳанд. Ин факт дар китоби “Итто”-и ҷопонӣ дарҷ гардидааст. Ин қазия муносибати бисёрсолаи Ҷопонро бо Тоҷикистон нишон медиҳад.

2. Адрас чӣ гуна ба Ҷопон роҳ ёфт?

 Адрас аз Суғд ба Ҷопон рафтааст. Дар деворанигораҳои ҷопонӣ либоси император то асри 7 ва баъди он мавҷуд аст. Баъди асри 7 дар киманои императори Ҷопон элементи адрас пайдо мешавад. Ман ин фактро аз яке аз деворанигораҳои шаҳри Нара пайдо кардам.

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *