Адиби миллионер

Чаро Латофат Кенҷаева аз адабиёти имрӯзаи кӯдакон қонеъ нест?

Латофат Кенҷаева. Ин ном ба кулли мардуми тоҷик ошност. Шоир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, муаллифи даҳҳо китобҳои хубу хондань барои наврасон ва калонсолон. Ин ҳафта бо дархости зиёди хонандагони “Тоҷикистон” ба аёдати Латофат Кенҷаева рафтем.

Қудрати як фелетон

Латофат Кенҷаеваро ғарқи дунёи андеша дар миёни анбуҳи китобҳо дар утоқи кориаш пайдо кардем. Суҳбати мо нахуст аз қадамҳои нахустини муаллима ба дунёи эҷод буд.

Эшон ёди айёми наврасӣ карданд: “Вақте дар синфи 5 таҳсил мекардам, аллакай аввалин навиштаҳои ман дар рӯзномаи он замон машҳури “Пионери Тоҷикистон” ва маҷаллаи “Машъал” чоп мешуданд. Баъдан, вақти дар синфи 6-ум таҳсил карданам бояд дар озмуни шеърхонӣ иштирок мекардем. Барои ба озмун омода шудан мо ҳар рӯз ба Хонаи маданияти ноҳия мерафтем. Сардори Хонаи маданият бо мо муносибати бад дошту дуруштиву дағалӣ мекард. Ман ҳамаи ин муносибати ӯро бо кӯдакон мушоҳида карда, дар рӯзномаи ноҳиявии “Байрақи Октябр” як фелетон навиштам дар бораи он зан. Баъди чопи ин мақола маро ба Кумитаи партиявӣ даъват карданд. Онҷо масъулин аз ман суол мекарданд, ки оё навиштаам дуруст аст. Ман ки ба худам бовар доштаму ҳамаи факту рақамҳои онҷо дуруст буд, ба навиштаи худам бовар доштам. Баъди чопи он фелетон директори Хонаи маданиятро аз кор гирифтанд».

Миллионер

Ҳамин тавр, меҳри шеъру адаб дар қалби Латофат Кенҷаева ошён гузошт ва ӯ баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшоро ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон, ба бахши навтаъсиси рӯзноманигорӣ супорид. Баъди хатми донишгоҳ ҳаёти худро ба маҷаллаи “Машъал” ва ба ин васила ба адабиёти кӯдак бахшид. 45 сол сармуҳаррири ин маҷалла буд. Дар замони соҳибитиқлолӣ номи “Машъал” “Истиқбол” шуд.

Латофат Кенҷаева дар баробари адиби маъруфи бачаҳо будан, ношири шинохта низ ҳаст ва аз оғози соҳибистиқлолӣ бо таъсиси ТҶБ “Истиқбол” ба нашр ва паҳн кардани осори адибон машғул мебошад. Ӯ бештар барои кӯдакону наврасон китобҳои рангину муҷалло чоп мекунад. Теъдоди асарҳои нашркардаи муаллима наздик ба 1,5 миллион аст. Бинобар ин, ҳамкасбон ӯро бо шӯхӣ “Адиби миллионер” мегӯянд.

Бо китобҳои ТҶБ “Истиқбол”, ки Латофат Кенҷаева нашр кардааст, чанд насли кӯдакону наврасон ба воя расидаанд.

Ворисон

Аз муаллима пурсидам, ки оё ягон нафар аз фарзандон пайраҳаи модарро интихоб кардаанд?

Латофат Кенҷаева чунин посух дод:

— Манижа, духтари калониам рассом аст. Чандин китобҳоро наққошӣ кардааст, хеле расмҳои зебо мекашад. Писарам Комрон тарроҳ мебошад. Ороиш ва саҳифабандии қариб 500 китобе, ки “Истиқбол” чоп кардааст, маҳсули кори ӯст. Ду духтари дигарам омӯзишгоҳи мусиқиро хатм кардаанд, яъне аҳли фарҳангу ҳунаранд, гарчанде имрӯз дар соҳаҳои дигар кор мекунанд. Аз наздиконам пайраҳаи маро набераам Дурдонаи Зафар интихоб кардааст, ки аллакай се китобаш чоп шудааст. Дурдона имрӯз дар Олмон зиндагӣ мекунад…

Мактаби Латофат

Касе Латофат Кенҷаеваро мешиносад, медонад, ки ӯ зани меҳрубон аст ва дараш ҳамеша ба рӯйи эҷодкорони ҷавон кушода. Даҳҳо адиби соҳибқалам имрӯз худро шогирди ӯ медонанд. Дар бораи шогирдонашон низ аз муаллима пурсидам.

— Аз замони сардабир шуданам шогирдонро тарбия кардам. То ба имрӯз тарбияи эҷодкорони ҷавонро идома медиҳам. Барои ман муҳим нест, ки қаламкаши ҷавон аз куҷост, муҳим он ки, истеъдод дошта бошад. Шогирдони охиринам, яке Бузургмеҳри Баҳодур аст, ки аллакай чун шоири камолёфта шинохта шудааст ва дигаре Сайидо Шарафӣ мебошад, ки барои кӯдакон ҳикояҳои марғуб менависад. Ду китобаш чоп шуд. Аз ӯ умеди зиёд дорам,- мегӯяд ӯ.

Қаноатманд нестам

Дар охири суҳбат аз Латофат Кенҷаева дар бораи вазъи адабиёти кӯдакона пурсон шудам. Дар посух гуфт:

— Давраи устодон Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Убайд Раҷаб, Абдумалик Баҳорӣ марҳилаи пурбаракат ва пурфайзи адабиёти кӯдак буд. Баъдан, Юсуфҷон Аҳмадзода, Ҷӯра Ҳошимӣ ва банда, даврае, ки адабиёти кӯдак нав шуд, кӯдакон аз эҷод чизе гирифта тавонистанд. Имрӯз, мутаассифона, истеъдодҳо зуҳур накардаанд, ки бори адабиёти кӯдакро кашанд. Аз ҷавононе, ки имрӯз тарбия кардем, умед дорем. Дар Иттифоқи нависандагон танҳо Азизи Азиз ба адабиёти кӯдакон тавваҷҷуҳ дорад. Бояд андешид, ки фардо бори адабиёти кӯдакро кӣ мекашад. Имрӯз ҳама аз паси мукофоту ҷоизаҳо ҳастанд, касе парвои ояндаро надорад… Ман аз вазъи имрӯзаи адабиёти кӯдакона он қадар қаноатманд нестам.  

Ҳамеша дар фикри кӯдакон

Латофат Кенҷаева мегӯяд, ки як лаҳза ҳам фориғ аз фикри кӯдакон нест. Пайваста эҷод мекунад, ҳоло ба фолклори кӯдакон машғул аст. Дар ҳошияи сурудҳо ва бозиҳои халқӣ як силсила шеърҳое навишта, онро ба чоп омода кардааст. Китоб бо номи “Бозиҳои Акбарҷон” омода аст.

— Достоне навиштам бо номи “Ҷӯйчаи хушҳол”, ки проблемаи тозагӣ ва муҳити зистро дар бар мегирад. Ҳоло рассом дар болои ин китоб кор карда истодааст, ки рӯзҳои наздик ба дасти хонанда мерасад. Китобҳои адибони дигарро ҳам омодаи нашр кардаем, ки бо пайдо шудани имконияти молӣ ба дасти хонанда мерасонем,- мегӯяд муаллима.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *