«Хилофат» дар Русия пешгирӣ карда шуд

Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, дар ҷараёни як амалиёти вижа дар Маскав 7 нафар – 6 шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Русияро бо гумони узвият дар созмони мамнӯи мазҳабии «Таблиғи Ҷамоат” дастгир кардаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия дар шаҳру вилояти Маскав шоми 22 декабр хабар дод, ки маъмурони ФСБ ҳамроҳ бо нирӯҳои пулис ва Росгвардия аз фаъолияти ғайриқонунии як шӯъбаи созмони байналмилалии мазҳабии «Таблиғи Ҷамоат” дар минтақаи Маскав ҷилавгирӣ ва 7 нафарро боздошт кардаанд.

Бино ба иттилоияи расмии дафтари матбуоти ФСБ, «ФСБ ҳамроҳ бо вазорати корҳои дохила бо кумаки нирӯҳои Росгвардия дар натиҷаи чорабиниҳои рӯзи 22 декабр дар қаламрави минтақаи Маскав анҷомшуда фаъолияти ғайриқонунии як сохтори ба таври амиқ пинҳонкори иттиҳодияи «Ҷамоати Таблиғ”-ро пешгирӣ карданд.”

Бино ба ин манбаъ, дар чорчӯби парвандаи ҷиноятие, ки бахши тафтиишоти ФСБ боз кардааст, 7 нафар, бо шумули раҳбари шӯъбаи «Таблиғи Ҷамоат” дастгир гардиданд.

Хабаргузории РИА Новости бо такя ба манобеаш дар мақомоти амниятӣ хабар дод, ки 6 тан аз боздоштшудаҳо шаҳрвандони Қирғизистон ва якеи дигар шаҳрванди Русия мебошанд.

Дафтари матбуоти ФСБ мегӯяд, «ҳангоми кофтукоб адабиёти ифротӣ, васоили мухобирот ва манобеи электронии иттилоот бо ҳисоботи фаъолиятҳояшон мусодира шудааст.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *