Евгений-набераи Сталин аз олам гузашт

Евгений Ҷугашвилӣ, набераи яке аз  роҳбарони Шӯравӣ Иосиф Сталин дар синни 80 солагӣ дар Маскав даргузашт.

Ба гуфтаи хабаргузории РИА Новости ӯро раҳгузарҳо дар ҳоли беҳушӣ дарёфтанд ва духтурҳои ёрии таъҷилӣ натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳад.  Евгений Ҷугашвилӣ фарзанди беникоҳи Яков Ҷугашвилӣ, писари калонии Сталин буд. Баъзе хешони Сталин, аз ҷумла духтари ӯ Светлана Аллилуева ӯро як «фиребгар» арзёбӣ мекарданд. Аммо суди  Тбилиси далели хеши Сталин будани Евгений Ҷугашвилиро тасдиқ кардааст. Дар замони Шӯравӣ Евгений Ҷугашвилӣ устоди донишгоҳҳои ҳарбӣ  буд, унвони полковникӣ дошт  ва номзади илмҳои низомиро дошт. Аз соли 1991 то лаҳзаҳои охири зиндагиаш ба корҳои сиёсиву иҷтимоӣ машғул буд ва аз ба ном «ҷиноҳи Сталин» дар интихоботи парлумони Русия иштирок кард. Набераи Сталин «Новая газета», «Эхо Москвы» , нашрияҳои дигар ва хабарнигорони алоҳидаро, ки ба гуфтаи ӯ «обрӯ ва шараф»-и бобояшро паст задаанд, ба суд кашида буд. Ин даъвоҳо бенатиҷа анҷом шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *