Хиёнат накардам! На ба касб, на ба касе!

Чанд ҳарф дар 50-солагии Хуршеди Атовулло

Хуршеди Атовулло акнун 50-сола шуд?,- пурсид генерали шиносам.

— Бале, 10-уми сентябр 50-сола шуданд,- посух додам ман.

Каме ҳайратзада шуду ба андеша рафт ва хаёлолуд гуфт:

— О, ман қариб 50 сол аст, ки навиштаҳояшро мехонам…

Ва боз чуқуртар ба андеша рафта, идома дод:

— Шуравӣ барҳам нахӯрда буд, ки Хуршеди Атовулло буд…

Ситорае бо номи Хуршед

… Воқеан, генерал барои чунин хулоса баровардан ҳақ дорад, зеро Хуршеди Атовулло нафарест, ки номаш ба журналистикаи замони истиқлоли Тоҷикистон робитаи мустақим дорад.

Ӯ фаъолияти журналистии хешро аз солҳои 90-ум оғоз кардааст. Гарчанде, замони кӯдакиву наврасӣ мехост ҳуқуқшинос шавад, вале тақдир ӯро ба журналистика овард. Профессор Иброҳим Усмонов баъди солҳо ба чунин хулоса омад: “Хуб шуд, ки Хуршед ҳуқуқшинос нашуд, вагарна пешаи рӯзноманигорӣ як симоеро, ки соҳиби гапи худ аст, аз даст медод”.

Воқеан, Хуршеди Атовулло дар журналистикаи тоҷик симои истисноӣ ва мунҳасир ба фард аст. Ӯ ҳанӯз аз овони ҷавонӣ бо сабки вижа ва дидгоҳи хос ба майдони матбуот ворид шуд ва зуд шуҳрат ёфт.

Ҳамсабақаш Раҷаби Мирзо ба ёд меорад: “… соли 1991, вақте ба факултаи журналистикаи ДМТ дохил шудем, Хуршед Атовулло як шахси машҳур ба ҳисоб мерафт. Ҳанӯз замони довталабӣ бархеҳо ӯро нишон додаву мегуфтанд: “Хуршеди Атовулло ҳам довталаб будааст, пас вуруд ба ин гурӯҳ осон нест”. Ӯро аз матлабҳои зиёдаш, ки дар нашрияҳо чоп мекард, мешинохтанд…

Овони донишҷӯӣ ӯ як ситора буд. Пешаш меомаданд, автограф мегирифтанд, мактубҳо менавиштанд. Аксарият ба ӯ ва «вазнаш» бо ҳавас менигаристанд…”.

Ҷавонӣ дар зери тиру туфанг

Замони таҳсили Хуршеди Атовулло, ки ба солҳои 1991-1996 рост омад, солҳои душвор буданд. Бо гузашти солҳо мегӯяд: “Ҷавонии мо қурбони ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Мо, ба истилоҳ, ҷавониро надидем. Фаъолияти донишҷӯи имрӯзаро дида, ҳавас мекунам. Кошки мо ҳам ҳамин гуна ҷавонӣ медоштем. Мо зери тиру туфанг дарс рафта меомадем, мисле, ки дар Афғонистон бошем. Субҳ вақте аз хобгоҳ мебаромадем, намедонистем, ки бегоҳ бармегардем ё не. Мо ҷавониро надидем…”.

Бо вуҷуди он ки “ҷавониро надид”, Хуршеди Атовулло азми қавӣ дошт, ки журналист шавад. Бинобар ин, соли 1994 вақте донишҷӯ буд, дар нашрияи навтаъсиси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки “Посух” ном дошт, ба кор пардохт. Умри ин нашрия кӯтоҳ шуд, зеро он замон мардум дар фикри пайдо кардани як тикка нон буданд ва парвои газетаро надоштанд…

… Ва Хуршеди Атовулло ҳам думболи нон ба Русия рафт. Ду сол муҳоҷир буд. Чун ба Ватан баргашт, Акбари Саттор “Чархи гардун”-ро гардон карда буд ва Хуршеди Атовулло ба ин тим пайваст. Мегӯяд, ки муносибати ҷиддӣ ва масъулият ба кор буд, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда, фаъолият мекард.

“Фикр мекунам, дар журналистони пештара масъулият, такя ба факту далел, виҷдон бештар буд. Имрӯз бо пайдо шудани интернет як нафаре, ки аз кӯчаи журналистика нагузаштаасту аз таърихи журналистика хабар надорад ва намедонад, ки Отахон Латифӣ кисту Муҳиддин Олимпур, бо гирифтани як мусоҳиба аз як фоҳишаи кӯча худро блогер эълон мекунад. Бадбахтона мардуми мо боз ҳамин гунаҳоро пайгириву дастгирӣ менамоянд ва ин чиз онҳоро ба дарди ситораманишӣ гирифтор кардаву худро дар як муддати кӯтоҳ ситораи журналистика эълон мекунанд. Ман блогерҳоеро медонам, ки садҳо обуначӣ доранд, вале аз кӯчаи журналистика нагузаштаанд. Барои ҳамин ягон чизи онҳоро ҷиддӣ қабул намекунам. Ҳаминро гуфтаниям, ки таҳлигароне, ки таҳлил карда метавонанд, онҳое, ки рисолати журналистӣ доранд, онҳое, ки журналистикаро аз як шантажист фарқ мекунанд, ангуштшумор боқӣ мондаанд, ки ин бароям бадбахтӣ аст”,- мегӯяд ӯ.

То “Фараж” ва “Самак”

Хуршеди Атовулло соли 1999 ба идори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба кор гузашт, ба даргоҳе, ки дар ҷавонӣ таҷриба омӯхт ва навиштаҳои нахустинаш нашр мешуд.

Соли 2001 ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи мо — «Тоҷикистон» таъйин шуд. Дар замони кори Хуршеди Атовулло “Тоҷикистон” тими қавӣ дошт. Барои дарки вазни нашрия танҳо зикри номи устураи журналистикаи тоҷик Мазҳабшо Муҳаббатшоев, ки он замон шореҳи сиёсии “Тоҷикистон” буд, кофист. Дар он солҳо “Тоҷикистон” лоиҳаҳои ҷиддиро роҳандозӣ мекард. Нахустин “Суруди сол” дар Тоҷикистон маҳз бо ташаббуси ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон”-у “Оила” барпо шуд… Хуршеди Атовулло “Тоҷикистон”-ро мактаби муҳими зиндагиаш медонад ва то ба имрӯз онро пос медорад.

Соли 2003 Раҷаби Мирзо “Рӯзи нав”-ро таъсис дод ва Хуршеди Атовулло ба ҳайси муовини аввали сардабир он ҷо ба кор гузашт. Вале пас аз як солу як ҳафта чопи ин рӯзнома қатъ шуд. Хуршеди Атовулло бошад, бо даъвати Қурбоналӣ Хуҷамов ба нашрияи навтаъсиси “Зиндагӣ” гузашт…

Соли 2005 Хуршеди Атовулло Маркази тадқиқоти журналистиро ташкил кард. Тими ӯ доир ба бисёр мавзуҳо тадқиқоти арзишманд анҷом доданд, ки таҳқиқи муаммои марги Муҳиддин Олимпур, Муқаддас Набиева, Маҳмуди Воҳид, Мӯсо Исоев ва ғайра то ба имрӯз назири худро надоранд.

Дертар Зафар Абдуллоев нашрияҳои “Овоза” ва “Фараж”-ро дар ҳайати созмонаш «А-Медиа» ташкил кард ва Хуршеди Атовуллоро сармуҳаррир таъйин намуд. “Овоза” умри зиёд надид. Ба қазияи судӣ гирифтор шуду нашраш қатъ шуд. Соли 2006 “Фараж” пурра моликияти Хуршеди Атовулло ва МТЖ шуд. Баъдан дар МТЖ нашрияҳои «Ману ту», «Гол», «Самак», “Танаффус”, сомонаҳои farahj.tj ва sugdnews.com таъсис ёфтанд.

Вале муҳимтарин кори Хуршеди Атовулло таъсиси Мактаби рӯзноманигорони ҷавон дар назди МТЖ аст, ки ҳамасола то 20 нафар ҷавононро тарбия карда, ба ҷодаи журналистика гусел мекунад. Шогирдони ин мактаб имрӯз беҳтарин журналистони тоҷик ҳастанд.

“Ман ҳамеша хостаам, ки ба рӯзноманигорӣ бо эҳтиром нигоҳ кунанд. Дар симои рӯзноманигор як таҳдидгар ё душман набинанд. Сабаби ройгон дарс гуфтани ман ҳам ба донишҷӯён ҳамин аст. Дар ҷойе нашунидаам, ки гуфта бошанд шогирди Хуршед Атовулло ва ё шахси аз мактаби ӯ гузашта бо чоплусиву гарданкаҷӣ корашро пеш мебарад. Ин албатта боиси ифтихорам аст. Ифтихори дигарам он аст, ки ба щеы гощ хиёнат накардам, на ба касбам, на ба касе.”,- мегӯяд ӯ.

Паҳлуҳои як истеъдод

Хуршеди Атовулло дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун нависандаи чиррадаст низ эътироф шудааст. Ҷавонон бо таронаҳои ошиқонааш ишқ меварзанду журналистони ҷавон дар детективҳояш идеал меҷӯянд, зеро қаҳрамони детективҳои ӯ Ҷамшеди Ҳабиб журналист аст. «Марги журналист», «Доғи як бӯса», «Шантаж», «Ҳукм: марги тадриҷӣ», «Хунро бо хун мешӯянд» беҳтарин детективҳои Хуршеди Атовулло ҳастанд. “Санге ба гӯри лайлӣ”-ву “Девонамард”-аш маҷмӯаи таронаҳо ва “Ривояти дарвеш”-аш маҷмӯаи ҳикояҳояш ҳастанд. “Гули ишқ ва зодаи ашк” бошад, мунтахаби мусоҳибаҳои Хуршеди Атовуллост, ки соли равон ба дасти хонанда расидааст.

“Марги журналист”-ро Аъзам Розиқ ба пардаи синамо кашиду феълан детективи нави Хуршеди Атовуллоро режиссёри ҷавон Некрӯзи Ҷалилиён филмбардорӣ карданист.

Овардани омори корҳои Хуршеди Атовулло бесабаб нест, зеро ӯ нафарест, ки дар чанд соҳа кор кардаву муваффақ аст. Чанд сол қабл “Пайванди пайкараҳо” ном китоб навишта буд аз таърихи нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон”. Ҳоло дар арафаи дифои рисолаи номзадӣ аст.   

Тарс аз 50

Дар як навиштааш Хуршеди Атовулло аз 50-солагӣ тарс доштанашро зикр кардааст. “50 даҳшат аст. Аввалан, рафиқони наздики ман Акбари Саттор ва Иқбол Илёсзода маҳз дар ҳамин синну сол аз дунё рафтанд, ки таъсири зиёд ба ман расонидааст. Баъдан, бисёриҳо мегӯянд, ки зиндагӣ баъди 50-солагӣ дигар рангу бӯе надорад. Чун то 50 чизе шудӣ, ҳамон аст”.

Вале банда бар он назарам, ки 50 бояд барои Хуршеди Атовулло марҳилаи нави умр бошад. Марҳилаи пурбор. Зеро журналистикаи тоҷик ҳанӯз ба ӯ ниёз дорад. Махсусан, дар ҳамин шабу рӯз будани ӯ дар фазои журналистика бисёр муҳим аст.

Одил НОЗИР

P.S. Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” журналист ва нависандаи маъруф Хуршеди Атовуллоро ба муносибати 50-солагиаш табрик мегӯянд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *