Криштиану Роналду тими миллии Португалияро тарк кард

— Ҳамлагар Криштиану Роналду пеш аз муҳлат тими миллии Португалияро тарк карда, ба «Ан-Наср»-и Саудӣ баргашт,- хабар медиҳад Sports.kz.

Криштиану бо сабаби зиёд будани кортҳои зард маҷбур шуд дар бозии даври интихобии Евро-2024 бо Люксембург (9:0) иштирок накунад. Ба иттилои Goal.com, ба ин далел, форвард тасмим гирифтааст, ки ба Арабистони Саудӣ баргардад, ки дар он ҷо бошгоҳи ӯ “Ан-Наср” рӯзи 16-уми сентябр бо “Ал-Раед” вомехӯрад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии қаблии тими мунтахаби Португалия бо Словакия (1:0) Криштиану Роналду ҳангоми задани зарба бо пойи худ  ба рӯи дарвозабони ҳариф Мартин Дубравка, корти зард гирифт.

Сармураббии тими миллии Португалия дар бораи бузургтарин ғалабаи бидуни Криштиану Роналду дар таърих мегӯяд: “Оё даста бе Роналду беҳтар баромад мекунад? Не. Криштиану як ҷузъи муҳими ин даста аст, Пепе низ. Онҳо сатҳи сироятӣ ва ахлоқи корӣ доранд ва ба дастаи мо арзиши бузург медиҳанд. Роналду таҷриба ва тарзи махсуси зиндагӣ дорад. Вале ин даста омода аст, ки бидуни Криштиану ғалаба кунад».

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Португалия бузургтарин пирӯзии худро дар таърих дар бозӣ бо Люксембург ба даст овард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *