Таваллуди сегонику чоргоник дар Суғд

Дар таваллудхонаи вилоятии Суғд дар шаҳри Хуҷанд ду зан чоргоник ва сегоник ба дунё овардаанд. Ин ду модари хушбахтро ҳамроҳи фарзандонашон рӯзи 11-уми сентябр ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд.

Кӯдакон 24-уми август ба дунё омада, танҳо баъди анҷоми ҳама ташхису муоинаҳои лозим ва мутмаин шудани табибон ба вазъи саломатии тифлони навзод аз таваллудхона мураххас шудаанд.

Барои Меҳрангез Раҳимова, сокини шаҳри Истаравшан ин нахустин зоюмон буд. Модари ҷавон якбора чоргоник ба дунё овард. Ӯ то рӯзи таваллуди нахустфарзандонаш тайи ду моҳ дар таваллудхона таҳти муоинаи табибон қарор дошт. Чор тифли Меҳрангез, хушбахтона, ҳама солиму бардам ва бо вазни аз 1 килою 700 грамм то 2 килою 600 грамм ба дунё омаданд.

Барои Парвина Очилова аз деҳаи Гулободи ноҳияи Деваштич, ки сегоник ба дунё овард, ин зоюмони чорум буд. Ӯ қаблан се писар таваллуд карда буд, ки аз 6 то 10 сол доранд. Баъди таваллуди писари сеюмаш Парвина Очилова 6 сол “дам гирифт” ва рӯзи 24-уми август якбора 3 духтар ба дунё овард. Ин сегоник, ки Фотимаю Зуҳро ва Хадиҷа номашон кардаанд, бо вазни 1 килою 600 грамм то 2 кило дида ба ҷаҳон кушодаанд ва табибон вазъи саломатии кӯдакон ва модари хушбахти ин сегоникро муътадил арзёбӣ мекунанд.

Аз аввали соли 2023 дар таваллудхонаи вилоятии Суғд 4031 тифл дида ба ҷаҳон кушодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *