Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Имрӯз, 13-уми сентябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нарбаева Танзила, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд.

Бино ба иттилои Маҷлиси миллии МО ҶТ, зимни мулоқот раисони палатаҳои болоии парламентҳои ду кишвар вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъкид доштааст, ки рушди ҳамаҷониба ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон дар сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи афзалиятнокро ишғол намуда, инъикосгари талошҳо ва ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи бо ҳам дӯст мебошад. 

Зикр гардидааст, ки дар тӯли беш аз сӣ соли барқарории робитаҳои дипломатӣ муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо такя ба заминаи устувори ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд ва бо назардошти эҳтироми манфиатҳои тарафайн, аз озмоишҳои зиёд гузашта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.

Ҷонибҳо ба тавсеаи фаъоли робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин ҳамкории парламентҳои ду кишвар дар чаҳорчӯбаи ташкилоту созмонҳои байналмилаливу байниминтақавӣ таваҷҷуҳи хоса дода, ҳавасмандии худро барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо дар ин самт иброз намудаанд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ карда, омодагии хешро ҷиҳати тақвияти муколамаи байнипарламентӣ ва таъмини рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар изҳор доштаанд.

Ҳамчунин, дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи Афғонистон табодули назар анҷом дода шудааст.

Пас аз музокироти дуҷониба маросими имзои Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардидааст.

— Бояд гуфт, ки бо имзои Созишномаи мазкур сатҳи муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Ӯзбекистон тавсеа ёфта, он дар сатҳи Комиссияи доимоамалкунанда ба роҳ монда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *