Хизматрасонҳои коммуналӣ
Кӣ обро лой карда, моҳӣ медорад?
Чанд сол пеш бо қарори раиси онвақтаи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти 114 ЖЭУ ва ЖКХ дар пойтахти кишвар, бинобар аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ нашудан, қатъ карда шуд. Вайрон карданду эҳё карда наметавонанд.
Хараҷу мараҷ ба нафъи кист?
Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон (раисаш Баҳодур Ҳабибов) ба ҷойи онҳо се намуди идоракунии хонаҳои баландошёнаро пешниҳод намуд. Аммо ин тадбир хизматрасонии коммуналиро дар пойтахт мушкилтар кард. Аниқтараш ин масъаларо ба дасти шахсони тасодуфӣ ҳавола намуданд, ки ба моҳияти мақоми соҳа сарфаҳм намераванд. Аз ин вазъият истифода бурда, ЖЭУ ва ЖКХ-ҳои гӯё аз фаъолиятмонда тағйири ном карданд – кооперативони моликони манзил (КММ). Аммо инҳо низ ба мисли пешинаҳо аввал дастуру супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансурро риоя мекунанду хизматрасонии коммуналиро кори дуввуму севумдараҷа меҳисобанд. Бештари соҳибмулкон аз хизматрасонии ин гуна ниҳодҳои хизматрасонии коммуналӣ норозианд.
— Мо намефаҳмем, ки кооперативҳои моликони манзил барои кадом хизматрасонии коммуналӣ аз соҳибмулкон маблағ мерӯёнанд? – ҳайрон мегӯяд сокини ноҳияи Сино Муртазо Муллоев. – Гирду атрофи бинои истиқоматиро худамон рӯбучин ва аз партовҳо тоза менамоем, долону даҳлезҳо, дару девор ва қубурҳои обро усто фармуда, худамон таъмир мекунонем.
-Агар барои гирифтани маълумотномаи ҷойи истиқомат ба КММ муроҷиат намоем, пешамон шарт мегузоранд, ки «аввал қарзҳои хизматрасонии коммуналиро пардохт кунед». Ҳатто барои маълумотномаи ҷойи истиқомат 5 сомонӣ пул меситонанд, — афзуд сокини ноҳияи Шоҳмансур Пӯлоди Хушнудиён…
Шартномаи булаҷаб
Роҳбарони ин ниҳодҳои ҷамъиятӣ, ки худ аксар маърифати пасти ҳуқуқӣ доранд, аз вохӯрию суҳбати ҳуқуқӣ бо соҳибмулкону истеъмолкунандагон дурӣ меҷӯянд, ба онҳо моҳияти шартнома оид ба хизматрасонии коммуналии фонди манзилиро дуруст фаҳмонида наметавонанд. Масалан, дар арафаи соли равон аз Муассисаи минтақавии №32-и Муассисаи давлатии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил» (МММДИХФМ)-и ноҳияи Сино ба соҳибмулкон биноҳои бисёрошёнаи кӯчаи Маяковский шартномаи булаҷаберо пешниҳод намуданд. Дар боби 1-уми шартномаи мазкур «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иҷрокунанда», аз ҷумла навиштаанд: «Иҷрокунанда» уҳдадор аст, ки ба «Истеъмолкунанда» кору хизматрасонии коммуналиро мутобиқи сифат ва меъёрҳои санитарӣ таъмин намояд: -рӯбучини гирду атроф ва тоза намудани ҷӯйборҳои назди хонаҳои истиқоматӣ; — дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани майдончаҳои партовбарорӣ; -баровардани партов; — безараргардонии партовгоҳ».
Аз ин чор «хизматрасонии коммуналӣ» якумаш вазифаи ҷонии Муассисаи давлатии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил»-и ноҳияи Сино (ё КММ-11?) ба шумор меравад, ки мутаассифона, аҳён-аҳён иҷро карда мешавад. Аз ин гуна хизматрасонии КММ-ҳо кӣ фоидаву кӣ зарар мебинад?!
Дар шартномаи мазкур, инчунин, «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеъмолкунанда» печидаву нофаҳмо оварда шудааст.
Аз суҳбат бо чандин соҳибмулкони ноҳияи Сино маълум гардид, ки КММ-ҳои ҷойи истиқомат умуман бо онҳо шартномаи хизматрасонии коммуналӣ надоранд, аммо ҳар вақти дилхоҳ омада, барои хизмати коммуналии нарасондаашон пул меситонанд.
Қарзҳо сарфи назар мешаванд, агар…
— Чаро ин гуна вазъият ба миён омадааст? — пурсидам аз сардори Хадамоти зиддиинҳисории шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов.
— Дуруст аст, ки корхонањои хизматрасонии хољагиву коммуналї имрӯзњо ба ањолї хизматрасонї менамоянд ва дар бештари њол бояд эътироф намоем, ки тозагиву озодагї ва ободонии гирду атрофи биноњо аз зањматњои кормандони корхонањои мазкур вобаста мебошад. Дар баробари иљрои уњдадорињои дар шартномањо ба зиммагирифтаашон дар бархе њолатњо нуќсону камбудињое њам дар фаъолияташон ба назар мерасад ва баъзан шикоятњои ањолї њам ба ин гуфта асос мешаванд, — мегӯяд Д. Қурбонов. – Тамоми корхонањои хизматрасонии коммуналї чи дар шакли корхонаи воњиди давлатї, чи бахши хусусї мутобиќ ба талаботи ќонунгузорї вазифадоранд танњо бо бастани шартномаи тарафайн хизмати коммуналӣ расонанд. Бе бастани шартнома ва муайян набудани уњдадорињои тарафњо, албатта, нофањмињо ва њуќуќвайронкунињо ба миён меояд. Бинобар ин, корхонањое, ки дар назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияњои шањр фаъолият менамоянд ва корхонањои хусусии дар ин бозори хизматрасонї ба фаъолият оѓознамуда вазифадоранд уњдадорињои худро барои иљрои ҳар намуди хизматрасонї, бо кадом шакл анљом додан ва бо кадом нарх анљом додани хизматрасонї дар шартномањояшон ба таври оммафањм дарљ намоянд ва ин талаботро риоя бикунанд. Бояд муштариён ё ањолии ноњияњои шањр донанд, ки маблаѓе, ки аз онњо ситонида мешавад, барои иљрои кадом хизматрасонї аст ва дар кадом њолат метавонад дар ивази маблаѓе, ки месупорад, барои истифодаи хизматрасонї мурољиат намояд. Он чӣ шумо ќайд намудед, њолатњои ќарздор кардани муштариён ба муњлатњои зиёд, ки мурољиатњои бархе шањрвандон њам дар ин масъала ба сохтори мо ба ќайд гирифта шуда буд ва чунин њолатњо амали ѓайриќонунї мебошанд. Далели ѓайриќонунї будани чунин амалњо бо далелњои надоштани шартнома, ба итмом расидани муњлати шартномаи басташуда, иваз шудани соњибмулки хонаи истиќоматї ва бо номи соњибхонаи нав ба имзо нарасидани шартномаи нав ва дигар омилњо асос шуда метавонад, ки шањрвандон ба сохторњои назоратї мурољиат намоянд.
Нархномае, ки барои хизматрасонии корхонањои коммуналиву хољагї аз соли 2011 мувофиќа гардидааст, маблағи муайяншуда барои ҳар як метри мураббаи хонаҳои бешахтаи партовљамъкунї 11 дирам ва барои бинои шахтадор 14 дирам бигиранд. Ин нарх, албатта, маблаѓи ночиз аст ва барои хизматрасонии босифат кифоягї намекунад, вале ба эњтимоли зиёд паст будани сифати хизматрасонї асоси сари ваќт пардохт накардани маблаѓњо аз љониби соњибмулкони манзил мебошад. Дар нархи мувофиќагардида бояд хизматрасонињо, аз ќабили тозаву озода нигоњ доштани гирду атрофи биноњо, хизматрасонии техникї, дар њолати санитариву тоза нигоњ доштани майдончањои партов расонида шавад.
Ќонунгузорї ба шањрвандон имконияти аз њисоби худ ташкил намудани ширкати соњибмулкони манзил ва њалли масъалањои нигоњдошти биноњои истиќоматиро пешбинї намудааст, ки метавонанд дар сурати розї набудан ва ё ќаноатманд набудан аз сифати хизматрасонии корхонањои коммуналї бо таъсиси ширкати соњибмулкони манзилњои худ масъалањои ободониву маишии биноњои истиќоматиашонро худ њал намоянд.
Мо таҳлилҳо гузаронда, ошкор намудем, ки дар бештари њолатњо корхонањо бо соҳибмулкон ё шартнома надоранд, ё 5 сол пеш шартнома баста, ҳар сол онро ба таври автоматӣ тамдид мекунанд, ки нодуруст аст. Онҳо вазифадоранд шартномаро ҳар сол бо соҳибмулкон аз нав ба ќайд гиранд ва ба имзо расонанд. Дар бархе њолатњо танҳо 50-60% -и корхонањо шартномабандӣ кардаанд.
-Воқеан, вазъияти бамаломада дар даҳ соли охир ҳазорон соҳибмулконро дар шаҳри Душанбе барои хизматҳои нарасондаи коммуналӣ садҳо ва ҳатто ҳазорҳо сомонӣ қарздор гардонидааст. Намешавад, ки ин қарзҳои ғайриқонунӣ сарфи назар карда шавад?
— Қарздориҳои соҳибмулкон дар назди ниҳодҳои хизматрасонии коммуналӣ бидуни шартномаи тарафайн аз рӯйи қонун нест. Дар сурати мавҷудияти шартномаи ҳарсола соҳибмулк уҳдадор аст, ки қарзҳоро пардохт намояд…
Номи дигар, вале «Аҳмади порина»…
Ҳафтаи гузашта зимни шиносоӣ ба фаъолияти чанд ниҳоди хизматрасонии коммуналӣ огоҳ шудам, ки кооперативҳои моликони манзил бо иқдоми раиси пешинаи ноҳияи Сино «Муассисаи минтақавии №32-и Муассисаи давлатии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (КММ №…») навиштаю гуфта мешавад. Ба фикрам, кооперативҳои моликони манзил сад бор беҳтар буд. Ҳарчанд дар ин «абракадраба» «Муассисаи давлатӣ» хамроҳ намуда, воҳима сохтаанд, шубҳа дорем, ки ин ниҳод аз буҷети ноҳия ягон дирам маблағгузорӣ намешавад.
Дар ноҳияҳои дигари пойтахт низ чунин хараҷу мараҷ мушоҳида мешавад, аммо шакли корбариашон «Аҳмади порина»-ро мемонад. Яъне, шартномаҳояшон тибқи талаботи замон таҳия нагардидааст. Мо, ки ҷомеаи ҳуқуқбунёд бунёд кардан дорем, вазифадорем ислоҳоти ҳадафрас ва, пеш аз ҳама, ба манфиати сокинони пойтахт ҷавобгӯйро дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ татбиқ намоем.
Э. НАЗАРОВ, «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ