Рустами Эмомали

Хоҳиши Рустами Эмомалӣ аз сокинони Душанбе (аудио)

Раиси шаҳри Душанбе бо як муроҷиатнома аз сокинони пойтахт хоҳиш намудааст, ки  аз 10 то 14 январи соли равон бидуни зарурат ба сафар набароянд.

“Аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои сарди зимистон, яъне аз 10 то 14 январи соли равон бидуни зарурат ба сафар набароянд”,- омадааст дар муроҷиатномаи  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт.

Инунин, дар муроҷиатномаи мазкур зикр шудааст, ки сокинон аз гаштугузори бемаврид худдорӣ карда, нақлиёти шахсии худро истифода набурда, аз нақлиёти мусофиркашии ҷамъиятӣ самаранок истифода баранд. Дар  истифодаи дастгоҳ ва таҷҳизоти барқӣ низ эҳтиёткор буда, фарзандони худро беназорат нагузоранд.

“Дар ҳолати риоя кардани қоидаҳои бехатарӣ, худ ва наздиконатро аз хавфу хатар эмин нигоҳ хоҳед дошт”,- таъкид мегардад дар муроҷиатномаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *