Донандаи 3 забони хориҷӣ. Рустами Эмомалӣ мавлуд дорад

Имрӯз, 19 декабр раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавлуд дорад. Ӯ 35 –сола шуд.

Номбурда соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Солҳои 2006-2009 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдо фаъолият намудааст.

Аз моҳи апрели соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси  иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати дастгирии соҳибкорӣ кор карда, моҳи июни соли 2009 Сардори ин Раёсат таъин гардидааст.

Солҳои 2011-2012 дар вазифаи сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2012 то соли 2013 ба сифати муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2013-2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2015 директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифа ва аз 4 апрели соли 2017 ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ аст.

Ҳоло Рустами Эмомалӣ ҳамчун раиси ҷавони навовару ободкор миёни ҷомеа бештар маҳбубият пайдо кардааст. Онҳое, ки дар тими  Рустами Эмомалӣ ҳастанд, мегӯянд, ки ӯ кам сухан мегӯяд ва худро дар амал нишон медиҳад. Дар атрофаш ҷавононеро ҷамъ овардааст, ки аз IT технологияи муосир бархӯрдоранд. Як дастоварди бузургаш бунёди командаи таҳсилдида, ҷӯянда, қолабшикан аст ва шаҳри Душанберо дар чанд соли охир ба яке аз шаҳрҳои зебову намунавии дунё табдил дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *