Хоҳиши Шоҳи Эрон аз раққосаи тоҷик

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, раққоса ва актрисаи номвари тоҷик, устоди рақс Гавҳар Мирҷумъаева 80-сола шуд. Ӯ аз зумраи ҳунармандонест, ки умри хешро ба ҳунар бахшид: бо рақсҳои ҷаззобаш ба дили мардум роҳ ёфт, санъати тоҷикро дар ақсои олам муаррифӣ кард ва шогирдони зиёде тарбия намуд.

… 10 сол қабл, зери садои Ҷӯрабек Муродов бо рақси дилангези “Тановор” Гавҳар Мирҷумъаева ба саҳна баромада, мухлисонашро қоил карда буд. Энержии хоси ӯ ҳамагонро ба ҳайрат гузошт.

Гавҳар Мирҷумъаева дар яке аз суҳбатҳояш гуфтааст, ки рақсро аз кӯдакӣ дӯст медошт. Дар синни 15-солагӣ, вақте дар мактаби миёнаи рақами панҷи шаҳри Ленинобод таҳсил мекард, дар фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, ширкат варзид ва лауреати ин фестивали бонуфуз шуд. Ҳамин тавр, сарнавишти ӯ ба санъат пайваст. Мегӯяд, меҳнатдӯстиро дар қалбаш устодонаш ҷой кардаанд.

— Устодони ман Рамзия Бакал ва Зоя Дубовская инсонҳои басо сахтгир буданд. Ҳар як ҳаракати рақсиро борҳо тамрин менамудем, ба ҳадде ки хаставу бемадор гардида, дар обу арақ тар мешудем. Дасту пой, хуллас, тамоми пайкарамон узв ба узв ба дард меомад…,- ба ёд меорад ӯ.

Ҳамин аст, ки то имрӯз лаҳзае бекор нест. Соли 1979 баъди хатми шуъбаи режиссёрии ДДСТ ба номи М. Турсунзода, ба ҳайси раққоса дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд ба кор пардохт. Баъдан фаъолияташро дар пойтахти кишвар идома дод: солҳои 1965-72 раққоса, 1971-1972 сарбалетмейстер ва солҳои 1979-1980 саррежиссёри Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1982-1986 роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Фирӯза», аз соли 1986 сарбалетмейстери ансамбли фолклорию этнографии “Ганҷина”, муддате роҳбари ансамбли рақсии «Сайидон» ва аз соли 1996 роҳбари бадеии ансамбли овозадори «Лола». Дар оғози солҳои 2000-ум Гавҳар Мирҷумъаева ба шаҳри Исфара кӯчид ва дар он ҷо ансамбли “Зумрад”-ро таъсис дод, ки зуд шуҳратёр гардид. Имрӯз ин ансамбл на танҳо чорабиниҳои шаҳрро рангин, балки дар саросари кишвар ҳунарнамоӣ мекунад.

Гавҳар Мирҷумъаева дар санъати тоҷик ба сифати ҳунарманди бомаҳорат эътироф шудааст. Рақсҳои ӯ ҷаззобу пурназокатанд.  

Репертуари ӯ аз рақсҳои халқҳои дунё, аз ҷумла тоҷикӣ («Муноҷот», «Гулъузорам», «Шодиёна», «Нағорабазм», «Бадахшон»); ӯзбекӣ, ҳиндӣ, арабӣ, сейлонӣ, ӯйғурӣ ва ғайра иборат аст.

Ӯ на танҳо дар саҳнаҳои худӣ, балки дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ва кишварҳои мухталифи дунё ҳунари тоҷикро муаррифӣ кардааст. Худ мегӯяд, ки дар саҳнаи 75 давлати дунё рақсидааст ва миллаташро сазовор муаррифӣ намудааст.

Аз сафарҳои ҳунарӣ хотироти зиёд дорад. Яке аз он хотираҳо вохӯриву шиносоӣ бо шоҳи Эрон Ризошоҳи Паҳлавӣ ва ҳамсараш малика Фараҳ мебошад:

— Соли 1961 ҳамроҳи устодони санъати тоҷик ба Дания, Эрон ва Афғонистон сафари ҳунарӣ рафтем. Бо ҳамсари шоҳи Эрон Фараҳ Паҳлавӣ суҳбати хоса доштам. Ӯро як зани порсою меҳрубон дарёфтам. Аз рӯзгору зиндагияш нақлҳо намуда, баъдан аз зиндагии мардуми тоҷик ва зиндагии шахсиям пурсон шуд. Дар рафти суҳбат гуфтам, ки ҳомиладорам. Дар ҳайрат афтод. Тез-тез мижа мезад. Бо даҳони воз дастонашро рӯйи шикамам гузошта, гуфт: “Наметарсӣ, ки ба саҳна мебароӣ?”. “Не!”,- гуфтам дар ҷавоб. Ҳангоми бозгашт шоҳи Эрон Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ ба ман бо эҳтиром муроҷиат намуд: “Гуҳарбону, шунидам, ки интизори ба дунё омадани фарзандед. Хоҳиши маро пазиред. Агар писар таваллуд шуд, номашро Ҷават, агар соҳиби духтар шудед, номашро Шаҳноза гузоред!…”. Чун писардор шудам, ба ваъда вафо кардам, номашро Ҷават гузоштам.

Чун сухан аз Ҷават рафт, лозим аст, ки ҳамсари Гавҳар Мирҷумъаева, собиқадори кинои тоҷик Абдураҳим Қуддусовро ёдовар шавем. Ӯ бо филмҳои ҳунарии «Агар дӯстам дорӣ», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Салом, Гулнора Рахимовна», филмҳои ҳуҷҷатии «Исфараи гулгулшукуфон”, “60-солагии заводи Қистақӯз”, “Искандаркӯл” ва даҳҳо филмҳои дигари мустанад дар тараққӣ ва рушду нумуи кинои тоҷик нақши рӯшан дорад.

Гавҳар Мирҷумъаева барои алоқмандони ҳунараш на фақат чун раққоса, балки чун актриса низ шинохта шудааст. Дар чандин филми ҳунарӣ, аз ҷумла, «Агар дӯстам дорӣ», “Ҳеҷбудагон”, «Салом, Гулнора Рахимовна», “Афсонаҳои Шарқ” ва ғайра нақшҳои мондагор иҷро кардааст.

Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбли “Зумрад” Гавҳар Мирҷумъаева ҳафтаи равон мавлуд дорад. Устоди ҳунари тоҷик 80-сола мешавад. Ӯ ҳамоно дар ҷустуҷӯҳои эҷодист. Пайроҳаи ӯро даҳҳо шогирдаш идома медиҳанд.

Диловар ҚОДИРПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *